Ҷаласаи васеи Шурои олимони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ

 05.01.2023

 
Имрӯз ҷаласаи васеи Шурои олимони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ бо иштироки ҳайати профессорону устодон, садорати факултетҳову мудирони кафедраҳо ва роҳбарони зерсохторҳо баргузор гардид.
Дар ҷаласа ҳисоботи ректори донишгоҳ Давлатзода Қудрат Қамбар оид ба натиҷаҳои фаъолияти донишгоҳ дар соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023 шунида шуда. Дар раванди баромади хеш ректори донишгоҳ Давлатзода Қудрат Қамбар доир ба ташкили раванди таълим, илм, робитаҳои хориҷӣ, тарбия, иқтисоду хоҷагидорӣ ва пешрафту камбудиҳои дар ин самтҳо ҷойдошта маълумоти муфассал дод.
Ҳамзамон барои беҳтар намудани сифати таълим ва баланд бардоштани иқтидори илмӣ дар соли 2023 ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дар анҷом як қатор устодону донишҷӯёне, ки дар озмунҳову олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои намоён гашта буданд, бо ифтихорнома ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Давлатзода

Назад к списку