Нишасти матбуотӣ дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ

 01.02.2023

         Имрӯз, 1 – уми феврал нишасти матбуотии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти илмӣ-таълимӣ, робитаҳои хориҷӣ, иқтисодӣ-хоҷагидорӣ ва дигар самтҳои муҳим дар соли 2022 баргузор гардид.
Дар нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ, муовинони ректор, деканҳои факултет ва дигар сохторҳои марбута дар самти омода намудани мутахассисони муҳандисӣ – техникӣ ва беш аз 20 нафар рӯзноманигорони телевизиону радио ва нашрияҳои ҷумҳурию шабакаҳои иҷтимоӣ иштирок доштанд.
Дар оғоз ректори донишгоҳ, профессор Давлатзода Қудрат Қамбар роҷеъ ба фаъолияти донишгоҳ дар соли 2022 мухтасар сухан намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки нишасти имрӯзаи матбуотӣ дар Маркази таҷрибавӣ ва таълимоти касбии Тоҷикистону Чин – Устохонаи Лубан, дар факултети сохтмон ва меъморӣ баргузор мегардад.
Таъкид гардид, ки Маркази таҷрибавӣ ва таълимоти касбии Тоҷикистону Чин - Устохонаи Лубан дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” бунёд шудааст.
         Дастгоҳ ва таҷҳизоти муосир, ки қисми зиёди онҳо то ҳол дар минтақаи Осиёи Марказӣ мавриди истифода қарор нагирифта буданд, барои устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ва шарикони рушд дастрас шуданд.
Дар нишасти матбуотӣ намояндагони ВАО ба саволҳои худ доир ба дигар дастовардҳо ва фаъолияти Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ, аз ҷумла таълим, иштироку устодону донишҷӯён дар озмунҳои сатҳи баланди ҷумҳуриявӣ, ихтироъкорӣ байни донишҷӯён, равобити хориҷӣ ва дигар масоили марбут ба донишгоҳ аз тарафи масъулин ҷавоб гирифтанд.


Назад к списку