Вохӯри бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Шоҳмансур ва Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе

 22.02.2023

Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати мллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Вазорату идораҳо оид ба таъмини иҷрои саривақти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон”, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Толҷикистон таҳти №629 аз 29-12-2022 оид ба “Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳуввияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027”, пешгирии шомилшавии наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ-террористӣ, тадриси ғайриқонунии динӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, дар таърихи 21 феврали соли 2023 дар якҷоягӣ бо намояндагони сохторҳои марбута таҳти унвони “Ҷинояткорӣ миёни ноболиғону ҷавонон ва пешгирии шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ-терористӣ” мулоқот баргузор гардид. Дар мулоқоти мазкур муовини раиси мақомоти иқроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур Нурляминзода Саида Нурлямин, Саидзода Баҳрулло Нурхон – муовини сардори хадамоти огоҳонӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунии байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, ва ҳайати омӯзгорну донишҷӯёни донишгоҳ иштирок карда, суханронӣ намуданд.


Назад к списку