Ғолибияти донишҷӯй дар озмуни ҷумҳуриявии «Нақши китоби "Тоҷикон"-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ»

 20.08.2021

      Донишҷӯи курси 1, ихтисоси 53010403А Ғуриев Фаридун дар маҳфил-озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Нақши китоби "Тоҷикон"-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ» бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карда, сазовори ҷойи III-юм гардид.

     Номбурда аз ҷониби Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо диплом сарфароз гардонида шуд.

     Мавриди зикр аст, ки омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ пайваста дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд.


Назад к списку