Пайвасти илм бо истеҳсолот: ташрифи раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи акдемик М.С. Осимӣ
Имрӯз ҳайати роҳбарияти Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои зерсохтори он таҳти роҳбарии раиси Кумита Мирзозода Низом Юсуфӣ ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи акдемик М.С. Осимӣ ташриф оварданд. Ташрифи меҳмонони олиқадрро ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ Давлатзода Қудрат Қамбар истиқбол намуданд.
Нахуст, ҳайати меҳмонон аз намоиши дастовардҳои илмии профессорону устодон ва донишҷӯёни кафедраҳои мухталифи факултет боздид ба амал оварданд. Сипас, аз озмоишгоҳҳои факултети сохтмон ва меъморӣ дидан намуда, бо имкониятҳои мавҷуда ва дурнамои татбиқи иқтидори илмии донишгоҳ шинос шуданд.
Зимни боздид аз озмоишгоҳҳо раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Низом Юсуфӣ зикр намуданд, ки дар ҳақиқат баъзе аз масъалаҳое, ки имрӯзҳо дар донишгоҳ таҳқиқ карда мешаванд, бояд дар лоиҳакашӣ ва сохтмон аз ҷониби дигар мутахассисон ба инобат гирифта шаванд.
Пас аз боздиди озмоишгоҳҳо дар маркази таълимоти касбии Тоҷикистону Чин - Коргоҳи Лубан бо иштироки васеи ҳайати профессорону устодони донишгоҳ ва роҳбарони ниҳодҳои зерсохтори кумита мулоқот сурат гирифт. Дар мулоқоти раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Низом Юсуфӣ бо ҳайати профессорону устодони факултети сохтмон ва меъмории донишгоҳ вобаста ба самтҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла масъалаи тайёр намудани мутахассисони баландихтисос, таҳияи санадҳои меъёрӣ, густариши корҳои илмӣ - тадқиқотӣ бо мақсади ҳамгироии илм бо истеҳсолот, гузаронидани дарсҳои амалӣ дар истеҳсолот, корҳои таълимӣ, илмӣ-техникӣ ва таҷрибаомӯзии донишҷӯёни факултети сохтмон ва меъморӣ дар зерсохторҳои кумита суҳбат ороста шуда, дар фазои тантанавӣ миёни Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи акдемик М.С. Осимӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.