БАРРАСИИ ТАБОДУЛИ АКАДЕМӢ БО ДОНИШГОҲИ IT ОСТОНА
16 январ муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Ҷурахонзода Рауф Ҷурахон дар доираи вусъати фаъолияти байналмилалии донишгоҳ ва омода намудани мутахассисони баландихтисоси технологияҳои иттилоотӣ дар хориҷи кишвар бо ҳайати Донишгоҳи IT Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон мулоқот анҷом дод.
Ҷониби ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ дар доираи иҷрои банди 15-и Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни боздид аз иншооти шаҳри Душанбе 1 сентябри соли 2021 баён доштанд, роҳандозии табодули академии донишҷӯён ва такмили ихтисоси омӯзгоронро дар хориҷи кишвар муҳим арзёбӣ намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо дар ин самт ба мувофиқа расида, бо мақсади баланд бардоштани донишу малакаи устодону донишҷуён бо истифода аз усул ва таҷрибаи пешқадам қарорҳои муассир қабул намуданд.