Дар шаҳри Душанбе озмуни “Китобхонаи беҳтарин” миёни ташкилоту муассисаҳо, корхонаву идораҳои давлативу ҷамъиятии ноҳияи Шоҳмансур баргузор гардид.
Мақсади озмун рушди устувори китобхонаҳо, таҳкими заминаҳои моддиву техникии онҳо, истифодаву корбурди китоб дар оила, ташкилоту муассисаҳо, корхонаву идораҳои давлативу ҷамъиятӣ, ҷалби мутахассисони соҳаи китобдорӣ ба китобхонаҳо, тақвияти зеҳниву маънавии сокинони пойтахт ва ҷалби онҳо ба озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” мебошад.
Ҳайати комиссияи озмуни “Китобхонаи беҳтарин” дар даври ноҳиявӣ аз рӯйи номинатсияи «Китобхонаи беҳтарини илмӣ-соҳавӣ» баъд аз гузаронидани даври аввал ҷойи якумро ба китобхонаи илмӣ ва электронии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ сазовор донистанд. Маросими ҷоизасупорӣ дар толори фарҳангии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов баргузор гардид.
Ёдовар мешавем, ки аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба китобхонаи илмӣ ва электронии донишгоҳ Диплом барои ишғоли ҷои якум ва мукофотпулӣ тақдим гардид.