Дастоварди илмӣ муборак!

 08.05.2024

Раёсати ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ, ҳайати профессорон ва кормандони донишгоҳ аз он хушҳоланд, ки яке аз омӯзгорони ҷавони муваффақ дар ҷодаи илм, ассистенти кафедраи “Ҳаракатдиҳандаҳои автоматикунонидашудаи электрӣ ва мошинҳои электрӣ” Шарифов Боҳирҷон Насруллоевич дар таърихи 6 майи соли 2024 рисолаи илмиашро барои дарёфти номзади илмҳои техникӣ аз рӯйи ихтисоси 05.14.01 – “Системаҳо ва муҷтамаъҳои энергетикӣ” дар мавзӯи “Коркарди системаи интеллектуалии идоракунии дастгоҳи фотоэлектрикӣ” таҳти роҳбарии н.и.т Диёрзода Р.Ҳ. сарбаландона дифоъ намуд.
Ҳамаи кормандони донишгоҳ ба хушҳолии номбурда шарик шуда, барояш дар фатҳи қуллаҳои баланди илм пирӯзӣ таманно доранд.

Назад к списку