ОҒОЗИ ДАВРИ ДУЮМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ"

 21.05.2024

Санаи 20 май дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №102 дар ноҳияи Шоҳмансур маросими кушодашавии даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии "Илм-фурӯғи маърифат" баргузор гардид.
Ёдовар бояд шуд, ки даври аввал, даври донишгоҳии озмуни мазкур 15-17 апрели соли ҷорӣ аз рӯйи номинатсияҳои математика, физика ва астрономия, химия, география, технологияи иттилоотӣ, биология, ихтироъкорӣ ва навоварӣ баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 350 нафар иштирок намуда, 48 нафари онҳо ба даври дуюм роҳхат гирифтанд.
Раёсати ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ ба иштирокчиёни озмун комёбиҳо орзуманд аст.

Назад к списку