ҒОЛИБИЯТИ НАВБАТӢ ДАР ДАВРИ ДУЮМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

 01.06.2024

Бояд қайд намуд, ки Озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” ҳамасола бо ташаббус ва таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» баргузор карда мешавад. Мақсади гузаронидани озмуни мазкур рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ ва пайвасти илм бо истеҳсолот буда, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо мебошад.
Даври якуми озмуни мазкур 15-17 апрели соли ҷорӣ аз рӯйи ҳафт номинатсияҳои математика, физика ва астрономия, химия, биология (ботаника, зоология, анатомия), география, технологияи иттилоотӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ дар донишгоҳ баргузор гардида буд, ки дар он зиёда аз 350 нафар иштирок намуда, 48 – нафари онҳо ба даври дуюм роҳхат гирифта буданд.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз, 1 июн ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур бо туҳфаҳои моливу пулӣ қадрдонӣ гардиданд.
Хушбахтона, дар даври ноҳиявии озмуни мазкур 1 нафар докторанти PhD ва 13 нафар донишҷӯи ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ мушарраф гардиданд:
1.МИРЗОВАЛИЕВ ХУШБАХТ ИСМОИЛОВИЧ – донишҷӯи курси 4-уми факултети МТ, ғолиби ҷойи I аз рӯи номинатсияи “Ихтироъкорӣ ва навоварӣ”.
2.ИНОЯТОВ ШАҲРИЁР ШАВҚАТБОЕВИЧ – донишҷӯи курси 1-уми факултети муштараки ДМТБ-ДТТ, ғолиби ҷойи I аз рӯи номинатсияи “Физика ва астрономия”
3.ЗАМОНОВ ҲОТАМҶОН РУСТАМОВИЧ – донишҷӯи курси 3-юми факултети энергетикӣ, ғолиби ҷойи II аз рӯи номинатсияи “Ихтироъкорӣ ва навоварӣ”.
4.АФРОИМОВ БИНЁМИН ҶАМШЕДОВИЧ – донишҷӯи курси 2-юми факултети ТИваК, ғолиби ҷойи II аз рӯи номинатсияи “Технологияи информатсионӣ”
5.ДАВЛАТОВ МУҲАММАД ДАВЛАТАЛИЕВИЧ – донишҷӯи курси 4-уми факултети энергетикӣ, ғолиби ҷойи II аз рӯи номинатсияи “Математика”.
6.ГУЛЯМОВ БАХТИЁР АМИРШОЕВИЧ, докторанти PhD факултети СваМ, ғолиби ҷойи III аз рӯи номинатсияи “Ихтироъкорӣ ва навоварӣ”.
7.КАМОЛЗОДА НАВРӮЗШОҲ СУБҲИДДИН – донишҷӯи курси 1-уми факултети муштараки ДМТБ-ДТТ, ғолиби ҷойи III аз рӯи номинатсияи “Ихтироъкорӣ ва навоварӣ”.
8.ШАРИПОВ АЗАМАТУЛЛОҲ САЪДУЛЛОЕВИЧ – донишҷӯи курси 4-уми факултети ТИваК, ғолиби ҷойи III аз рӯи номинатсияи “Ихтироъкорӣ ва навоварӣ”.
9.НАЗАРЗОДА САФАРАЛИИ БОБОХОН – донишҷӯи курси 1-уми факултети энергетикӣ, ғолиби ҷойи III аз рӯи номинатсияи “Физика ва астрономия”.
10.ФАЙЗУЛОЕВ СИЁВУШ ЭМОМАЛИЕВИЧ – донишҷӯи курси 2-юми факултети ТИваК, ғолиби ҷойи III аз рӯи номинатсияи “Технологияи информатсионӣ”.
11.ДАВЛАТОВ ФАРИДУН ЯТИМОВИЧ – донишҷӯи курси 1-уми факултети СваМ, ғолиби ҷойи III аз рӯи номинатсияи “Химия”.
12.САНГИНЗОДА ШАҲЗОД ХАЙЁМ – донишҷӯи курси 1-уми факултети СваМ, ғолиби ҷойи III аз рӯи номинатсияи “Химия”.
13.БЕГЗОДА САФАРАЛИ ҲАКИМ – донишҷӯи курси 2-юми факултети энергетикӣ, ғолиби ҷойи III аз рӯи номинатсияи “География”.
14.БОБОЕВ САИДМУҲАММАД САИДАҲМАДОВИЧ – донишҷӯи курси 2-юми факултети энергетикӣ, ғолиби ҷойи III аз рӯи номинатсияи “География”.
Ҳамчунин хонандагони Литсеи техникии назди донишгоҳ дар Озмуни мазкур фаъолона иштирок нумауда соҳиби 12 ҷойи ифтихорӣ гардиданд. Дар зер рӯйхати хонандагони Литсеи техникӣ, ғолибони даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” оварда шудаанд:
1.ГОТКИНА КАТЕРИНА – хонандаи синфи 8Б Литсеи техникӣ, ғолиби ҷойи I аз рӯи номинатсияи “Ихтироъкорӣ ва навоварӣ”.
2.САТТОРОВ ШУКРУЛЛОҲ – хонандаи синфи 11А Литсеи техникӣ, ғолиби ҷойи I аз рӯи номинатсияи “Химия”.
3.УСМОНОВ АЛИҶОН – хонандаи синфи 11В Литсеи техникӣ, ғолиби ҷойи I аз рӯи номинатсияи “Информатика”.
4.МАСУМОВ ИБРОҲИМ – хонандаи синфи 11А Литсеи техникӣ, ғолиби ҷойи I аз рӯи номинатсияи “Физика”.
5.АХМЕДОВ АКБАР – хонандаи синфи 9Б Литсеи техникӣ, ғолиби ҷойи II аз рӯи номинатсияи “Физика”.
6.ҲАСАНОВ АЗИЗ – хонандаи синфи 9Б Литсеи техникӣ, ғолиби ҷойи II аз рӯи номинатсияи “Физика”.
7.ФАКИРОВА РУХМИНА – хонандаи синфи 9Б Литсеи техникӣ, ғолиби ҷойи II аз рӯи номинатсияи “Физика”.
8.ИСМАТОВ ТАБРИЗ – хонандаи синфи 8В Литсеи техникӣ, ғолиби ҷойи II аз рӯи номинатсияи “Физика”.
9.ИНОМОВ БАХТОВАР – хонандаи синфи 11А Литсеи техникӣ, ғолиби ҷойи III аз рӯи номинатсияи “География”.
10.ХАЙРУЛЛОЕВ АҲЛИДДИН – хонандаи синфи 11А Литсеи техникӣ, ғолиби ҷойи III аз рӯи номинатсияи “География”.
11.КАМОЛОВА ФАРИДА – хонандаи синфи 9А Литсеи техникӣ, ғолиби ҷойи III аз рӯи номинатсияи “Биология”.
12.САЙФУТДИНОВ ЮСУФ – хонандаи синфи 10А Литсеи техникӣ, ғолиби ҷойи III аз рӯи номинатсияи “Математика”.
Инчунин Раёсати ДТТ ба номи акад. М.С. Осимӣ барои саҳми арзанда ва иштироки фаъолона дар даври ноҳияивии Озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” бо СИПОСНОМАИ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур сарфароз гардонида шуд.
Ҳамин тавр, аз тарафи донишҷӯёну унвонҷӯёни донишгоҳ ва хонандагони Литсеи техникӣ 26 роҳхат ба даври сеюми Озмуни мазкур ба даст оварда шуд.

Назад к списку