МАСЪАЛАҲОИ МУОСИРИ САНОАТИ МОШИНСОЗӢ ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

 11.11.2024

31 октябри соли равон дар факултети механикӣ ва технологии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Масъалаҳои муосири саноати мошинсозӣ” ва намоиши дастовардҳои илмии устодон ва донишҷӯёни кафедраи технологияи мошинсозӣ, дастгоҳҳо ва асбобҳои металбурии донишгоҳ баргузор гардид.

Ҳамоиши илмӣ ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 - “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, Барномаи рушди саноатикунонии босуръати кишвар - ҳамчун ҳадафи чоруми стратегӣ ва ба муносибати таъсисёбии 50-солагии кафедраи технологияи мошинсозӣ, дастгоҳҳо ва асбобҳои металбурӣ бахшида шудааст.

Аз тарафи олимони дохил ва хориҷи кишвар зиёда аз 60 мақолаи илмӣ аз рӯйи бахшҳои мошинсозӣ ва технологияи мавод, таҳқиқоти химиявӣ, технологияи химиявӣ ва металлургия, сохтмон ва меъморӣ, энергетика ва технологияҳои иттилоотӣ, экология, иқтисодиёт ва фанҳои бунёдӣ (математика, физика) пешниҳод ва баррасӣ гардид.

Дар кори конференсия аз 21 донишгоҳи дохил ва хориҷи кишвар мақолаҳои илмӣ ворид гардиданд. Намояндагони корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла “Акиа Авесто Индастри”, ҶСК “Ваҳдат текстил”, ҶСК “Азот”, низ дар ин ҳамоиш ҳузур доштанд.

Дар конференсия д.и.т., профессор Ҳақдод М.М., муовини директор оид ба санҷиши техникӣ ва сифати ҶДММ “Акиа Авесто Автоматив Индастри” Азиз Назриев, сармутахассиси раёсати мошинсозӣ, саноати мудофиа ва химияи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Комил Зокиров ва дигарон маърӯза намуданд.

Луговой В.П., омӯзгори собиқи кафедра дар конференсия ба таври маҷозӣ баромад намуда, ҳайати кафедраро ҷиҳати баргузории ҳамоиши илмӣ табрик намуд.

Дар рафти конференсия иштирокчиён баромад намуда, таклифу пешниҳодҳои муфидро баҳри рушди саноати кишвар ироа намуданд.

 

464909375_1122111036584361_8400711951413792085_n464913330_1122111029917695_7555395842548348714_n465035785_1122110883251043_8351512261306947816_n465036597_1122110886584376_1282483009286669222_n465037533_1122110833251048_8251527758924781789_n


Назад к списку