28-уми ноябри соли равон дар факултети нақлиёт ва инфрасохтори роҳ, кафедраи истифодабарии нақлиёти автомобилии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ - амалӣ таҳти унвони “Инноватсия, мушкилоти экологӣ ва технологияҳои каммасраф дар нақлиёт” баргузор гардид.
Ҳамоиши илмӣ ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 - “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, Барномаи рушди саноатикунонии босуръати кишвар - ҳамчун ҳадафи чоруми стратегӣ, инноватсия, мушкилоти экологӣ ва технологияҳои каммасраф дар нақлиёт бахшида шуда, онро муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи донишгоҳ н.и.т., дотсент Абдуллозода Р.Т. ифтитоҳ бахшид.
Дар конференсия декани факултети нақлиёт ва инфрасохтори роҳ н.и.т., дотсент Низомзода Ф.Н. аҳамияти ин чорабиниро дар рушди соҳаи нақлиёт таъкид намуда, ҳамчунин аз дастовардҳои кафедра ва нақшаҳои ояндаи он дар самти омӯзиш ва таҳқиқот ёдовар шуд.
Дар конференсия аз тарафи олимону муҳаққиқон зиёда аз 50 мақолаи илмӣ аз рӯйи бахшҳои илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ, истифодабарии нақлиёти автомобилӣ, электромобилҳо ва автомобилҳои гибридӣ, ташкил ва бехатарии ҳаракат дар роҳ, бехатарии воситаҳои нақлиёт, истифодабарии нақлиёти ҳавоӣ ва роҳи оҳан, ташкили ҳамлу нақл ва идора дар нақлиёт, иқтисодиёт ва логистикаи нақлиётӣ, сохтмони нақлиётӣ ва мошинҳои сохтмонию роҳсозӣ ва борбардор пешниҳод ва баррасӣ гардид. Инчунин, дар кори конференсия аз 6 донишгоҳи ҷумҳурӣ мақолаҳои илмӣ ворид гардиданд. Дар кори конференсия намояндагони Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати ташхиси криминалистии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ҳузур доштанд.