ИЛМҲОИ ТЕХНИКӢ ВА ТАҲСИЛОТИ МУҲАНДИСӢ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР

 02.12.2024

Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар доираи нақшаи баргузории машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конференсияҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо ва семинарҳо бо мақсади рушди тафаккури техникии ҷавонон санаи 29 ноябри соли 2024 конференсияи байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯи “ИЛМҲОИ ТЕХНИКӢ ВА ТАҲСИЛОТИ МУҲАНДИСӢ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР” баргузор гардид. Дар ҷаласаи пленарии конференсия донишҷӯён, магистрантон, докторантони Phd, унвонҷӯён ва омӯзгорон иштироки фаъолона намуда. Тавре, ки муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Абдуллозода Р.Т. қайд намуданд ҳадафи асосии баргузории чунин конференсияҳо ҷалби ҷавонон ба корҳои илмию таҳқиқотӣ мебошад. Дар рафти ҷаласаи пленарӣ аз ҷониби иштирокчиён 4 маърузи илмӣ доир ба металургия, сохтмон, энергетика ва нақлиёт ироа гардид. Дар нимаи дуюми рӯз кори конференсия дар бахшҳои он идома ёфт.


Назад к списку