Тадқиқоти гармофизикӣ ва энергетикаи барқароршаванда

 11.12.2024

Санаи 09-10 декабри соли 2024 дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ тибқи ҳамкориҳои байналмиллалии донишгоҳ, аз ҷумла, кафедраи техника ва энергетикаи гармои факултети энергетикии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бо Донишгоҳи давлатии техникии Тамбов ва Донишгоҳи техникии миллии тадқиқотии Қазон 14-ум конференсияи (мактаб)-и байналмилалии физикаи гармо «Тадқиқоти гармофизикӣ ва энергетикаи барқароршаванда» баргузор гардид (дар 2 сол як маротиба гузаронида мешавад).

Конференсия дар формати омехта – иштироки бевосита, онлайн ва ғоибона гузашт, ки имкон дод географияи иштирокчиён васеъ карда шавад. Мақолаҳо аз муассисаҳои таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Хуҷанд, Тамбов, Қазон, Воронеж, Екатеринбург, Верхняя Пишма, Иваново, Фарғона, Бишкек, ш-ки Данғара ва н. Кушониён пешниҳод шуданд.

Дар кори конференсия бевосита 25 нафар (мувофиқи варақаи бақайдгирӣ) олимони ҷумҳурӣ, инчунин 15 донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С., ҳамагӣ 40 нафар иштирок намуданд. Дар умум ба конференсия 37 мақола аз тарафи зиёда аз 90 олимон пешниҳод шуд, аз ҷумла Тоҷикистон – 15 мақола, Федератсияи Россия – 16 мақола, Узбекистон – 4 мақола, Қирғизистон – 2 мақола.

Иштироккунандагони конференсия қайд намуданд, ки баргузории чунин чорабиниҳои илмӣ ниҳоят муҳим буда, алоқамандии байни назария ва амалияро муқаррар менамояд, потенсиали илмиро барои ҳалли мушкилоти муосири энергетикаи гармо ва физикаи гармо муттаҳид менамояд.

Дар ҷамъбасти конференсия д.и.т., профессор Сафаров М.М. қайд намуд, ки олимони ҷавони дар конференсия иштирок намуда имконият пайдо намуданд таҷрибаи олимони варзидаро қабул намоянд, ки ин барои рушди касбии онҳо шароити мусоид фароҳам меоварад.

Аз рӯи натиҷаи конференсия нашри маводи конференсияи (мактаб)-и байналмилалии физикаи гармо «Тадқиқоти гармофизикӣ ва энергетикаи барқароршаванда» дар назар мебошад.

Кумитаи тадорукотии конференсия ба ҳамаи иштирокчиён изҳори миннатдорӣ намуда, ба ҳамкории минбаъда даъват менамояд.


Назад к списку