БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ҲИСОБОТИИ ШУРОҲОИ ДИССЕРТАТСИОНИИ ДОНИШГОҲ

 11.12.2024

Санаи 9 – уми декабри соли 2024 дар маҷлисгоҳи Шурои олимони донишгоҳ ҷаласаи ҳисоботии шуроҳои диссертатсионии донишгоҳ дар самти илмҳои табиӣ-математикӣ-техникӣ бо иштироки Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода С.Х. ва кормандони масъули ин ниҳод, Ректори донишгоҳ, Раёсати илм ва инноватсия, раисон, котибон ва аъзоёни шуроҳои диссертатсионӣ баргузор гардид.

Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода С.Х. дар баромади худ, оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо кормандони соҳаи илм ва маорифи кишвар санаи 30 майи соли 2024 қайд намуда буданд, ёдовар гардиданд.

Иштирокчиён ҷаласа ба Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони масъули ин ниҳод саволҳо дода ҷавоби мушаххас гирифтанд.

Дар охир котибони илмӣ ҳисоботи шуроҳои диссертатсионӣ  ва бандҳои иҷрошударо бо рӯнамо (презентатсия) пешниҳод намуданд.

10.12.202411.12.2024-2


Назад к списку