ОМӮЗГОР – ВАРЗИШГАР

 28.09.2021

Омӯзгор – варзишгар Аминов Ҷаҳонгир Буронқулович ҳамчун муаллими калон дар кафедраи «Асосҳои назариявии радио ва электротехника»-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ аз фанни «Маводҳои электротехникӣ» дарс мебарад.

Дар қатори фаъолияти омӯзгорӣ Ҷаҳонгир Аминов қисми ҳаёти худро ба варзиш низ бахшидааст. Ӯ мегӯяд, ки ба варзиш аз кӯдакӣ шавқ дошт. Ва бо мурури замон ин шавқ дар ӯ бештар авҷ гирифт. Даври мактабӣ ва донишҷӯӣ бо низоми сахти «дарс – хона - варзиш» фаъолият мекард. Ӯ ба шиори «варзиш гарави саломатист» эътимоди комил дорад.

Чӣ тавре ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Варзиш беҳтарин воситаи муаррифии миллат мебошад» ва дар ин самт Ҷаҳонгир Аминов низ хостгори саҳмгуорист.

Ҳар рӯз ғайр аз фаъолияти омӯзгорӣ ӯ вақти худро маҳз барои варзиш ҷудо намуда, саҳар дар маҷмааи варзишии донишгоҳ ва бегоҳ бошад, дар толори варзишӣ бо гӯштингирӣ машғул аст.

То ҳол Ҷаҳонгир Аминов аз низоми гузошташудаи чандсолаи худ набаромадааст. Ба гуфти худи вай синну сол ин танҳо рақам асту халос.

Албатта натиҷаи меҳнатҳои чандсола бе роҳат намешавад. Ӯ то ҳол дар мусобиқаҳои гуногун баромад карда, муаррифгари донишгоҳу Ватани азизи худ мебошад.

Санаи 19-уми сентябри соли 2021 Аминов Ҷаҳонгир Буронқулович дар мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини намуди грепплинг ноу-ги, ки дар маҷмааи варзишии Gym Komil Boymurodov, воқеъ дар шаҳраки 112-уми пойтахт баргузор гардид, иштирок намуда сазовори ҷойи аввал гардид.

Аҳли кафедра ва дӯстону шогирдони Ҷаҳонгир Аминов ин муваффақияти навбатии ӯро муборакбод намуда, дар ин роҳи саломативу зебоӣ ба ӯ комёбиҳои зиёдро таманно доранд.

   

Коллективи кафедраи «Асосҳои назариявии радио ва электротехника».


Назад к списку