Санаи 04 апрели соли 2025 дар Шурои диссертатсионии 6D.KOA-049-и назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ САЙФИДДИНЗОДА ОДИЛҶОН САЙФИДДИН рисолаи илмиашро барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рӯи ихтисоси 6D071800 - Энергетикаи электрикӣ (6D071804 – Cистемаҳо ва комплексҳои энергетикӣ) дар мавзӯи “Системаи автоматонидашудаи баҳодиҳии эътимодияти таҷҳизоти барқӣ ва хизматрасонии бехатари он” таҳти роҳбарии н.и.т., Абдуллозода Р.Т. сарбаландона дифоъ намуд.
Ҳимояи рисолаи илмии Сайфиддинзода Одилҷон Сайфиддин дар сатҳи баланд доир гашта, дар кори он профессорону дотсентон, олимону муҳаққиқон, аъзоёни Шӯрои диссертатсионӣ ва докторону номзадони илм ширкат намуданд.
Зимни ҳимояи рисолаи имлии худ Сайфиддинзода Одилҷон оид ба мубрамияти мавзӯи таҳқиқотии худ қайд намуд, ки масъалаҳои “Системаи автоматонидашудаи баҳодиҳии эътимодияти таҷҳизоти барқӣ ва хизматрасонии бехатари он” дар рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои охир мавзӯи баҳсталаб миёни олимон ва коршиносони ватанӣ ба ҳисоб меравад.
Раёсат ва ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон Сайфиддинзода Одилҷонро ба ин дастоварди илмӣ табрику таҳният гуфта, дар корҳои минбаъдаи илмиву эҷодиаш муваффақиятҳои пайдарпай таманно менамоянд.