Қадрдонии САЙДАЛИЗОДА АБДУРАУФ САЙДАЛӢ сардори Маркази такмили ихтисоси ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ бо мукофоти давлатӣ.

 25.08.2025

Қадрдонии САЙДАЛИЗОДА АБДУРАУФ САЙДАЛӢ сардори Маркази такмили ихтисоси ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ бо мукофоти давлатӣ.
 
25 августи соли 2025 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти меҳнатии худ ба дастовардҳои назаррас ва шоистаи таҳсин ноил гардидаанд, мукофотҳои олии давлатӣ, ҷоизаҳо ва унвонҳои фахрӣ тақдим намуданд.
 
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки дар қатори дигар олимони соҳаҳои мухталифи кишвар сардори Маркази такмили ихтисос, д.и.т., Сайдализода Абдурауф Сайдалӣ бо Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ сарфароз гардонида шуданд.
 
Ин мукофоти давлатӣ пеш аз ҳама баёнгари қадрдонии давлатии саҳми назаррас ва хизматҳои арзандаи Сайдализода А.С. дар самти рушди соҳаи маорифу илм, тайёр кардани мутахассисони соҳибкасб, саҳмгузорӣ дар баланд бардоштани нуфузи илму дониш ва ҳамчунин дар пешбурди сиёсати кадрии давлат мебошад.
 
Раёсат ва коллективи бисёрнафараи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ бо самимият Сайдализода Абдурауфро ба муносибати дарёфти чунин шарафи олӣ табрик гуфта, ба эшон барору комёбиҳои минбаъда дар фаъолияти илмиву педагогӣ, ташаккули насли наврас бо рӯҳияи ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ, ҳамчунин саҳми боз ҳам бештар дар рушди илму маориф ва баланд бардоштани обрӯю нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таманно доранд.

Назад к списку