МУКОФОТИ ДАВЛАТӢ

 06.09.2025

МУКОФОТИ ДАВЛАТӢ МУБОРАК!
Боиси ифтихор ва шарафмандист, ки дар арафаи таҷлил аз 34-умин солгарди ҷашни бузурги Истиқлоли давлатӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфарозгардонии кормандони соҳаҳои илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои саҳми арзанда дар рушди соҳаи хизмати давлатӣ ва идораи давлатӣ, мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо медали хизмати шоиста сарфароз гардонида шуданд.
 
Ин муждаи некро метавон ҳамчун дастоварди муҳими Донишгоҳи техникии Тоҷикистон арзёбӣ намуд, зеро аз он шаҳодат медиҳад, ки фаъолияти роҳбарият ва ҳайати омӯзгорону кормандони муассиса дар самти таълиму тарбия ва илму фарҳанг аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва ҷомеа дар сатҳи баланд арзёбӣ мегардад.
 
Бешубҳа, сазовор донистани як гуруҳ кормандону устодони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба ҷоиза, мукофотҳои давлатӣ ва Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон далели эътироф гардидани саҳми Донишгоҳ дар рушду такомули илмҳои муосир, саноъатикунонӣ, технологияи рақамӣ, кашфиёту ихтироъкорӣ ва таҳкими дастовардҳои истиқлолияти миллӣ мебошад.
 
Раёсат ва иттифоқи касабаи кормандони Донишгоҳ омӯзгорон Исмонзода Рустам Довуд, Саид Адлия Ҳалим ва Хуҷаев Парвизро табрику муборакбод намуда, ба эшон бурдборӣ ва дар фаъолияти минбаъдаи илмиву эҷодиашон комёбиҳоро таманно менамояд.544610103_122168641988471845_3593560764138144347_n542266934_122168641922471845_7966375625232095194_n542702376_122168641880471845_7079628724680418887_n_1

Назад к списку