ИШТИРОКИ ОМӮЗГОРОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ»

 17.09.2025

ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ»
 
Санаи 15 сентябри соли 2025 дар Муассисаи давлатии Гимназияи №4-и шаҳри Душанбе, марҳилаи шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз ёфт. Қобили зикр аст, ки соли шашум озмун дар сатҳи баланд ва шафоф баргузор гардида истодааст. Ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар ин марҳила, аз рӯйи номинатсияҳои зерин ҳунару дониш нишон медиҳанд:
  • математика (арифметика, алгебра, геометрия);
  • физика ва астрономия;
  • химия;
  • биология (ботаника, зоология, анатомияи инсон);
  • география;
  • технологияи иттилоотӣ;
  • зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ;
  • ихтироъкорӣ ва навоварӣ.
Дар маҷмӯъ, 15 нафар донишҷӯ, 7 нафар докторант ва корманди илмии донишгоҳ, инчунин 12 нафар хонандаи Литсейи техникии назди донишгоҳ дар озмун ширкат меварзанд.
Бояд тазаккур дод, ки дар марҳилаи шаҳрии озмун аз донишгоҳ 34 нафар ғолибони даври ноҳиявӣ ба рақобат мепардозанд.
Раёсати донишгоҳ ба ҳамаи иштирокчиёни Озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» комёбиҳо ва муваффақиятҳои беназир орзуман аст.

Назад к списку