Санаи 17 сентябри соли равон дар асоси нақша – чорабиниҳои раёсати тарбияи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ бо шуъбаи кор бо ҷавонон, бо мақсади татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии судманде бо ятимони кул ва маъюбон бо иштироки муовини ректор оид ба тарбия, н.и.п., дотсент Аҳмадзода Б.С., мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Бобозода Ш.А. ва муовинони декан оид ба тарбияи факултетҳо баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур Бунафша Аҳмадзода аз дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумат ва Роҳбарияти Олии кишвар дар самти дастгирии ятимону бепарасторон ва камбизоатону барҷомондагон ёдовар шуда, иброз намуд, ки дар сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии табақаи ниёзманд, аз ҷумла ятимони кулл, нимятимону камбизоатон ва маъюбон мавқеи меҳварӣ дорад. Раёсати Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати ятимпарваронаи Пешвои муаззами миллат ҳамеша ятимон, нафарони имконияташон маҳдуд ва ашхоси камбизоатро дастгирӣ намуда, имрӯз баҳри онҳо дар Донишгоҳ тамоми шароитҳо фароҳам намудааст.
Таъкид гардид, ки ятимону бепарасторон ва нафарони имконияташон маҳдуд дар партави сиёсати ятимпарваронаи Пешвои муаззами миллат, бояд ҳаргиз худро яккаву танҳо ҳис накунанд ва онҳоро мебояд, дар фазои сулҳу оромӣ, бо истифода аз шароиту имконоти фаррохи илмомӯзӣ таҳсил намуда, бо маърифати баланди инсонӣ баҳри ояндаи дурахшони Ватан хизмат намоянд.
- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои ятимпарвари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои хеш иброз намудаанд: “Ман ҳеҷ вақт ягон ятими куллро дар нимароҳ намемонам, меомӯзонам, тарбия мекунам ва ба ҳаёти мустақилона гусел менамоям”. Ин суханони Сарвари давлат таҳаввулоти ҷиддиро дар сиёсати давлатии иҷтимоии ҷумҳурӣ ба бор оварда, тамоми ятимони кулл, нимятимон ва камбизоатоне, ки имрӯз дар кишвар ҳаёт ба сар мебаранд, маҳз бо ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат аз тамоми имтиёзҳо ва дастгириҳо бархӯрдоранд - гуфт дар идома муовини Ректор.