ЧОРАБИНИИ МАЪРИФАТӢ – ФАРҲАНГӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ОМӮЗГОР ВА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН
Санаи 3 октябри соли 2025, дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ бо иштироки ректори Донишгоҳ, сарходими илмии Маркази омӯзиши “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон”-и Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Гавҳар Шарофзода, муовинони ректор, мушовири ректор, устодону кормандон ва донишҷӯён чорабинии идона таҳти унвони “Забон омӯхт бар ман устодам” баргузор гардид.
Ректори донишгоҳ, д.и.и., профессор Давлатзода Қудрат Қамбар вобаста ба аҳамияти таърихиву фарҳангии ду ҷашни муҳим — Рӯзи омӯзгор ва Рӯзи забони давлатӣ сухани табрикотӣ намуда, зикр кард, ки рисолати омӯзгор дар заҳматҳои шабонарӯзӣ ва садоқати пайвастаи ӯ зоҳир мегардад. Хушбахтона, фаъолияти омӯзгор беихтиёр имрӯзҳо дар зинаҳои гуногуни таълимӣ ва илмӣ назаррасанд. Президенти кишвар кӯшиш ба харҷ медиҳад то дар кутоҳтарин муҳлат обрӯ ва манзалати омӯзгор расман шинохта шавад. Аз ин рӯ, Пешвои миллат солӣ ҷорӣ ба Ҳукумати кишвар ва сохторҳои дахлдор супориш доданд, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор” баррасӣ шавад.
Забон нишон аз таъриху фарҳанги ниёкон ва сарчашмаи мероси пурғановати гузаштагону аҷдодони ҳар халқу миллат дониста мешавад. Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр менамоянд, “Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад”.
Дар идома Гавҳар Шарофзода ва Абдурасулов Анвар суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки забони тоҷикӣ дар зарфи ҳазорсолаҳои мавҷудияти худ борҳо ба сифати забони корбарӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ ва дипломатии давлатҳои абарқудрати замон ба монанди давлатҳои Сомониён, Тоҳириён, Сосониён ва Темуриён ба сифати забони расмии давлатӣ мавриди истифода қарор гирифтааст.
Ин вазифаи пурифтихор ва масъулияти баландро бобати ҳифз намудан ва арҷ гузоштан ба забони давлатӣ ҳанӯз ҳазорсолаҳо қабл олимону мутафаккирон ва шоирону орифони тоҷик аз қабили Маликушшуарро Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ, Ибни Сино, Абурйҳони Берунӣ, Носири Хисрав, Ҷалолиддини Балхию Саъдӣ, Ҳофизу Абдураҳмони Ҷомӣ, Камоли Хуҷандию Аҳмади Дониш, Айнию Лоиқ ва ҳазорҳо дигарон нобиғаҳои олами ирфони тоҷик дарк намудаю пайи зинда нигоҳ доштан ва бою ғанӣ гардонидани он талошу кӯшишҳои зиёде ба харҷ додаанд.
Дар вазъияти тантанавӣ ба як гурӯҳ устодони донишгоҳ барои фаъолияти самарабахш, рушду таҳкими илму маориф ва тарбияи шогирдон сипосномаҳо тақдим карда шуданд. Ин иқдом барои баланд бардоштани ҳисси масъулият ва дастгирии устодон дар корҳои илмию таълимӣ аҳамияти махсус дорад.
Ҳамзамон, иҷрои сурудҳо ва таронаҳои ватандӯстона, ҳусни чорабиниро афзун намуда, фазои хотирмонро ба вуҷуд овард.