МУОШИРАТ ВА ҲАМКОРИИ МУАССИР

 16.10.2025

МУОШИРАТ ВА ҲАМКОРИИ МУАССИР

 
Вохӯрии судманди намояндагони раёсати донишгоҳ бо истиқоматкунандагони хобгоҳи №2
Дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани супоришҳои роҳбарияти олии кишвар, вобаста ба баланд бардоштани маърифати шаҳрнишинӣ ва шаҳрдории донишҷӯён, маърифати экологӣ, фарҳанги забондониву суханронӣ, огоҳонидани қоидаҳои тартиботи дохилии хобгоҳ ва қоидаҳои бехатрӣ бо роҳбарии мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Бобозода Ш.А., муовини декан оид ба тарбияи факултети механикӣ ва технологӣ Саидзода Б.С. ва мутахассиси шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа Содиқзода Ш вохӯрии судманде бо истиқоматкунандагон баргузор гардид.
 
Зимни боздид масъулин сараввал аз ҳуҷраҳои истиқоматии донишҷӯён дидан намуда, аз вазъ, ҳолат, шарту шароит ва тарзи зисту зиндагонии донишҷӯён бархурдор гашта, ба ҳар як сокини хобгоҳ тавсеаҳои саривақтӣ ва зарурӣ, машваратҳо ва кӯмакҳо карда шуд.
Маврид ба зикр аст, ки дар асоси нақша – чорабиниҳои шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ, мунтазам аз вазъ, ҳолат ва тарзи зисти донишҷӯён воқиф гашта, ба эшон пайваста кӯмаку ғамхориҳое, ки аз ҷониби раёсати донишгоҳ нақшабандӣ гаштааст расонанд.
IMG_3548IMG_3546IMG_3553IMG_3557

Назад к списку