ҶОМИ ЗЕБОАНДЕШӢ

 17.10.2025

ҶОМИ ЗЕБОАНДЕШӢ

 
Бо ташаббуси иттифоқи касабаи кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ бо шуъбаи кор бо ҷавонон ва факултетҳои энергетикӣ ва механикӣ ва технологӣ, ба муносибати Рӯзи иттифоқҳои касаба дар хобгоҳи №8 миёни истиқоматкунандагони хобгоҳ, ҷиҳати ба даст овардани Ҷоми иттифоқи касабаи кормандон ва омӯзгорони муассиса бозии зеҳнии шашка ва шоҳмот таҳти унвони “Ҷоми зебоандешӣ” баргузор гардид.
 

Дар ин чорабинии зеҳнӣ муовини ректор оид ба масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ Вазирзода Н.Ш., раиси иттифоқи касабаи кормандон ва донишҷӯён Аминов Ш., декани факултети энергетикӣ Юсуфзода М.Ю., декани факултети механикӣ ва технологӣ Исмонзода Р.Д., мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Бобозода Ш.А., муовини декан оид ба тарбияи факултети механикӣ ва технологӣ Саидзода Б.С., намояндагони раёсати тарбия, намояндаи иттифоқи касабаи кормандон ва донишҷӯён ва комендантони хобгоҳ ширкат варзиданд.

Ҳадаф аз баргузории чунин чорабиниҳои зеҳнӣ тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ миёни донишҷӯёни хобгоҳ ва муайян намудани шашкабози беҳтарин ва шоҳмотбози беҳтарин миёни донишҷӯписарон мебошад.

 
Бояд тазаккур дод, ки дар асоси нақша – чорабиниҳои раёсати донишгоҳ дар дигар хобгоҳҳои муассиса чунин чорабиниҳои зеҳнӣ, илмӣ, маърифатӣ ва фарҳангӣ мунтазам баргузор мегардад.IMG_4403_1IMG_4412IMG_4415IMG_4432IMG_4435IMG_4440IMG_4466IMG_4469

Назад к списку