УСТОДИ ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН РИСОЛАИ ДОКТОРИИ ХУДРО ДИФОЪ НАМУД
Санаи 14 октябри соли 2025, дар ҷаласаи Шурои диссертатсионии 6D.KOA-056-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мушовири ректор, номзади илмҳои физикаю математика Абдурасулов Анвар Абдурасулович рисолаи доктории худро дифоъ намуд.
Дар ҷараёни муҳокимаи рисолаи докторӣ олимони варзидаи илми физика, математика, аъзои Шурои диссертатсионӣ, устодону кормандони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Абдурасулов А.А. рисолаи доктории худро дар мавзӯи “Назарияи статистикии ҳодисаҳои релаксатсионӣ ва падидаҳои динамикии интиқол дар моеъҳои молекулаҳояшон шакли дилхоҳдошта” барои дарёфти дараҷаи доктори илмҳои физикаю математика, аз рӯйи ихтисоси 01.04.02 – физикаи назариявӣ, таҳти мушовараи академик, доктори илмҳои физикаю математика, профессор Одинаев Саймуҳаммад ҳимоя намуд.
Дар рафти муҳокимаи рисолаи докторӣ, Анвар Абдурасулов аҳли иштирокчиёнро бо мубрамияти мавзуи таҳқиқотӣ ва ҷанбаҳои амалии кори илмии худ шинос намуда, нуқтаҳои асосии таҳқиқоти худро ба ҳозирин пешниҳод намуд.
Аъзоёни Шурои диссертатсионӣ зимни баромадҳои худ рисолаи доктории Абдурасулов Анварро дар рушди илмҳои физика ва математикаи кишвар дастоварди беназири илмӣ маънидод намуда, навовариҳои илмиро қобили қабул арзбӣ намуданд.