БОЗДИДИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ДИЛРАБО МАНСУРӢ АЗ ОМОДАГИҲО ВА ҶАРАЁНИ ДАВРИ НИҲОИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ” ДАР ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН

 22.10.2025

БОЗДИДИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ДИЛРАБО МАНСУРӢ АЗ ОМОДАГИҲО ВА ҶАРАЁНИ ДАВРИ НИҲОИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ” ДАР ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН

 
Санаи 21 октябри соли равон дар факултетҳои технологияҳои рақамӣ, системаҳо ва ҳифзи иттилоот ва сохтмон ва меъмории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” аз рӯи номинатсияҳои “Иътироъкорӣ ва навоварӣ”, “зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ” ва “технологияи иттилоотӣ” оғоз гардид, ки дар маросими ифтитоҳии озмун муовини Сарварзири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи ҷумҳуриявии озмун Дилрабо Мансурӣ ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ташриф оварданд.
 

Сараввал муовини Сарварзир Дилрабо Мансурӣ аз маконҳои баргузории озмун, утоқи волидайн муҷаҳҳаз бо оинаи нилгун, ки рафти баргузории озмунро ҷиҳати шафоф баргузор гаштан назорат мебаранд, аз ҳуҷраи комиссияи апелиатсионӣ, бунгоҳи тиббӣ, синфхонаҳои компютерӣ, ошхона ва толори баргузории озмун дидан намуда, ба масъулин таъкид намуданд, ки даври ҷумҳуриявии озмунро бо риоя намудани шаффофият ва дар сатҳи баланд бо истифода аз озмоишгоҳҳои замонавии дорои шароити хуби корӣ баргузор намоянд.

Ҳамзамон қайд гардид, ки озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат», бевосита таҳти назорат ва cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Соли 2025 бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати боз ҳам такмил ва таҳким бахшидани раванди баргузории озмун, бедор намудани завқи эҷодкориву кашфиёт дар ниҳоди довталабон дар озмун номинатсияи нав - «зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ» илова карда шуд.

 
Дар анҷом, раиси Комиссияи ҷумҳуриявии озмун, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ба намояндаи Вазорати маориф ва илм, вазорату идораҳои дахлдор, аъзои ҳакамон ва масъулини Донишгоҳи техникии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд ва шаффоф баргузор намудани озмун супоришҳои мушаххас дод.IMG_4658IMG_4660IMG_4695IMG_4711IMG_4715IMG_4735IMG_4741IMG_4754IMG_4773IMG_4780IMG_4788

Назад к списку