ДОНИШҶӮИ ДОНИШГОХИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ САЗОВОРИ ҶОЙИ СЕЮМ ГАРДИД
Боиси ифтихору сарбаландист, ки донишҷӯи курси якуми ихтисоси 1-330104 -мониторинги экологӣ, менеҷмент ва аудити факултети механикӣ ва технологӣ, МУРОДОВ ВАЛИҶОН АБДУКАРИМОВИЧ, дар мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ, ки дар шаҳри Тиблиси Ҷумҳурии Гурҷистон баргузор гардид, аз рӯи намуди варзиши муҳорибаи омехта ҷойи сеюмро соҳиб шуда, бо медали биринҷӣ қадрдонӣ гардид.
Ин дастоварди назаррас на танҳо ифтихори шахсӣ ва натиҷаи заҳмати доимии Валиҷон Муродов мебошад, балки нишонаи сатҳи баланд ва қобилияти беназири варзишии донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Ёдовар бояд шуд, ки дар ин мусобиқа Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби 5 медали тилло, 7 медали нуқра ва 3 медали биринҷӣ сазовор гардид.
Раёсат ва Иттифоқи касабаи кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Валиҷон Муродовро барои ин муваффақият шодбош гуфта, барояш комёбиҳои нав ва дастовардҳои бештарро дар озмуну мусобиқаҳои оянда таманно менамоянд. Ин дастовард нишони эътимоди донишҷӯён ба худ ва ташаббусҳои онҳо дар соҳаи варзиш ва таҳсил мебошад.