ИШТИРОКИ УСТОДИ ДОНИШГОҲ ДАР ДАВРИ НИҲОИИ ОЗМУНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИННОВАТСИОНӢ ДАР ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН
Дотсенти кафедраи истифодабарии нақлиёти автомобилии факултети нақлиёт ва инфрасохтори роҳ Абдулло Мамадамон Абдураҳмонбек дар финали озмуни байналмилалии инноватсия ва соҳибкории “Хайҷзи” дар Осиёи Шимолу Шарқӣ (The 2025 Northeast Asia Haizhi Innovation and Entrepreneurship Competition Final) иштирок намуд.
Ин чорабинии бонуфуз аз 23 то 26 октябри соли 2025 дар Маркази конфронсҳои байналмилалии Парки саноатии иқтисоди рақамии шаҳри Шенян, таҳти унвони «Ҷамъомади зеҳнӣ дар Ляонин ва Шенян - бунёди орзуҳо барои оянда» баргузор шуда, беш аз 320 лоиҳа аз 29 кишвар дар нӯҳ самти муҳими саноатӣ, аз ҷумла биотиб, робототехника, технологияҳои иттилоотии нав, маводҳои нав, сарфаи энергия ва ҳифзи муҳити зист, энергияи нав ва қисмҳои автомобилӣ ширкат варзиданд.
Дар даври ниҳоӣ, ки бо ҳузури 22 даста аз 15 кишвар тариқи ҳузурӣ ва 28 даста ба таври маҷозӣ баргузор гардид, намояндагон лоиҳаҳои худро оид ба навовариҳои техникӣ, аҳамияти саноатӣ ва имконияти татбиқи амалии онҳо муаррифӣ намуданд.
Лоиҳаи пешниҳоднамудаи Абдулло Мамадамон таҳти унвони «Баланд бардоштани самаранокии системаҳои нақлиётӣ ва кам кардани таъсир ба муҳити зист: Таҳқиқот оид ба таҷҳизоти гидравликӣ ва ҷузъҳои автомобилӣ» бо Ҷоизаи аъло (Excellence Award) сарфароз шуда, соҳиби сертификати озмун гардид.