БОЗДИДИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ ПРОФЕССОР ДАВЛАТЗОДА ҚУДРАТ АЗ ДОНИШГОҲИ ШАҲРСОЗИИ ТЯНҶИН ЗИМНИ САФАРИ КОРӢ
Санаи 15-18 октябри соли ҷорӣ бо мақсади тавсеаи ҳамкориҳо ва тақвияти робитаҳои дуҷониба дар соҳаи таҳсилоти муҳандисӣ ва фаъолияти «Маркази таҷрибавӣ ва таълимоти касбии Тоҷикистону Чин - Устохонаи Лубан», ректори донишгоҳ, профессор Давлатзода Қудрат Қамбар аз Донишгоҳи шаҳрсозӣ ва Донишгоҳи касбӣ-техникии идораи сохтмон ва шаҳрсозии шаҳри Тянҷини Ҷумҳурии Мардумии Чин дидан намуд.
Дар доираи сафар, ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои илмӣ ва таълимӣ, татбиқи барномаҳои муштарак, ташкили таҳқиқоти илмии амалӣ ва рушди лоиҳаҳои нав дар самтҳои энергияи сабз, технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ ва таҳсилоти муҳандисии муосирро баррасӣ намуданд.
Давлатзода Қудрат аз иқтидори илмӣ ва таълимии муассисаҳои зикршуда шинос гардида, зимни вохӯриҳо ҷонибҳо дурнамои ҳамкории муштаракро дар самтҳои афзалиятноки таҳсилоти муҳандисӣ ва татбиқи лоиҳаҳои нав муҳокима намуданд.
Ҳамзамон, ректори донишгоҳ бо донишҷӯёни курсҳои 3 ва 4, ки дар Донишгоҳи шаҳрсозии шаҳри Тянҷин тибқи барномаҳои муштараки 2+2 ва 1+1 таҳсил менамоянд, вохӯрӣ анҷом доданд.
Зимни вохӯрӣ ректор дар робита ба дастгириҳо ва иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон сухан гуфта, таъкид доштанд, ки Сарвари давлат дар самти илмомӯзии ҷавонон дар дохил ва хориҷи мамлакат таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.
Дар ҷараёни суҳбат оид ба мавзуъҳои худшиносии фардӣ ва миллӣ, масоили ватанхоҳиву соҳибватанӣ, сарфакорию донишазхуднамоии ҷавонон, даст назадан ба ҷинояту ҷинояткорӣ, худдорӣ аз андешаҳои носаҳеҳ, сайқал додани донишҳои ҳуқуқию сиёсӣ, сатҳи забондонӣ, дарк намудани равандҳои гуногуни ҷаҳонишавӣ ва ғайра андешаҳои ҷолиб баён карда шуданд.
Тазаккур дода шуд, ки ҷавонон бояд ҳар лаҳзаи худро ғанимат шуморанд ва пайваста аз пайи мутолиа гарданд. Ба масъалаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва ҷаҳон воқеъбинона назар намоянд, фарҳанги баланди сиёсӣ дошта бошанд ва манфиатҳои миллиро пайваста пуштибонӣ намоянд.
Ёдовар мешавем, ки бо дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи татбиқи Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф ва Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ соли 2022 аз тарафи Донишгоҳи касбӣ - техникии идораи сохтмон ва шаҳрсозии шаҳри Тянҷини Ҷумҳурии Мардумии Чин нахустин «Маркази таҷрибавӣ ва таълимоти касбии Тоҷикистону Чин - Устохонаи Лубан» дар Осиёи Марказӣ сохта, ба истифода дода шуд.
Устохонаи Лубан аз 2 марказҳои таълими амалии муҳандисӣ - Маркази таълими амалии геодезия ва картографияи интеллектуалӣ ва Маркази омӯзиши амалии энергияи сабз иборат буда, дар доираи фаъолияти ин марказҳо беш аз 60 нафар устодони донишгоҳ ба курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ дар дохил ва хориҷи кишвар фаро гирифта шуда, имрӯзҳо таълими донишҷӯён аз рӯйи барномаҳои ин Устохона дар ҳамкорӣ бо донишгоҳи шарик бомаром идома доранд.
Дар доираи фаъолияти Устохонаи мазкур бо мақсади тавсеаи ҳамкориҳо як қатор чорабиниҳои муҳим, аз ҷумла моҳи декабри соли 2023 Форуми якуми Тоҷикистону Чин оид ба таҳсилоти муҳандисӣ дар шаҳри Душанбе, моҳи ноябри соли 2024 Форуми дуюм дар шаҳри Тянҷини Чин, 27-28 августи соли 2025 “Мусобиқаи ҷаҳонӣ оид ба маҳорати касбӣ” аз рӯи номинатсияҳои корҳои геологӣ, геодезия ва энергетика бо ҷалби коршиносони ду ҷониб баргузор гардид. Инчунин, тибқи барномаҳои таълимии муштараки таҳиягардида, донишҷӯёни донишгоҳ метавонанд дар Донишгоҳи касбӣ-техникии идораи шаҳрсозии Тянҷин ва Донишгоҳи шаҳрсозии Тянҷин аз рӯйи барномаи таълимии муштараки 2+2 дар самти сохтмон (геодезия ва картография) ва энергетика (энергияи сабз) таҳсили худро идома диҳанд. Айни замон 16 нафар донишҷӯёни донишгоҳ дар Чин таҳсили худро тибқи чунин барномаҳо идома дода истодаанд.