ДАҲ ҶОЙИ ИФТИХОРӢ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ИЛМ - ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ"

 03.11.2025

НАТИҶАИ ТАЪРИХӢ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” ҳамасола бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, бо мақсади амадигардонии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» равона шудааст.

Дар рӯзҳои 21 – 25-уми октябри соли равон даври ҷумҳуриявии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор гардид. Қайд кардан ба маврид аст, ки ин марҳилаи озмун аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор карда шуд.

 

Аз шумораи умумии 13 нафар иштирокчии донишгоҳ, ки ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфта буданд, 10 нафар дар номинатсияҳои гуногун сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Аз ҷумла: 1 нафар дар номинатсияи физика ва астрономия, 1 нафар — дар номинатсияи математика, 2 нафар — дар номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, ва 6 нафар — дар номинатсияи зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ.

 

Ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни “Илм – фурӯғи маърифат”

1. ШАРИФОВ НУРАЛӢ ШАРОФУДИНОВИЧ – омӯзгори факултети технологияҳои рақамӣ, системаҳо ва ҳифзи маълумот, ғолиби ҷойи III дар номинатсияи “Зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ”.
2. АШУРЗОДА БАҲРОМ ХАЙРИДДИН – омӯзгори факултети технологияҳои рақамӣ, системаҳо ва ҳифзи маълумот, ғолиби ҷойи III дар номинатсияи “Зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ”.
3. КАРИМОВ АБДУЛАЗИЗ АБДУЛХАКИМОВИЧ – омӯзгори факултети технологияҳои рақамӣ, системаҳо ва ҳифзи маълумот, ғолиби ҷойи III дар номинатсияи “Зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ”.
4. САИД ПАРВИЗ САИДҒУФРОН – омӯзгори факултети сохтмон ва меъморӣ, ғолиби ҷойи III дар номинатсияи “Ихтироъкорӣ ва навоварӣ”.
5. АВЕЗОВ АБДУЛАЗИЗ ИЛҲОМОВИЧ – донишҷӯи курси 4-уми факултети технологияҳои рақамӣ, системаҳо ва ҳифзи маълумот, ғолиби ҷойи I дар номинатсияи “Зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ”.
6. ЛОИҚОВ АҲЛИДИН ОРЗУЕВИЧ – донишҷӯи курси 2-уми факултети сохтмон ва меъморӣ, ғолиби ҷойи II дар номинатсияи “Математика”.
7. БОБОҶОНОВ ДАВЛАТҶОН ИХТИЁРОВИЧ – донишҷӯи курси 3-юми факултети энергетикӣ, ғолиби ҷойи II дар номинатсияи “Ихтироъкорӣ ва навоварӣ”.
8. РАҲИМОВ МАЪРУФҶОН АБДУРАУФОВИЧ – донишҷӯи курси 3-юми факултети технологияҳои рақамӣ, системаҳо ва ҳифзи маълумот, ғолиби ҷойи III дар номинатсияи “Зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ”.
9. АБДУЛЛОЗОДА ҲАСАН САЪДУЛЛО – донишҷӯи курси 2-уми факултети технологияҳои рақамӣ, системаҳо ва ҳифзи маълумот, ғолиби ҷойи III дар номинатсияи “Зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ”.
10. ИСМОИЛОВ СОРБОН МУСТАФОЕВИЧ – донишҷӯи курси 2-уми факултети сохтмон ва меъморӣ, ғолиби ҷойи III дар номинатсияи “Физика ва астрономия”.
 
1 ноябри соли 2025 дар бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ маросими бошукӯҳи ҷоизасупорӣ баргузор гардид. Дар рафти он ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ ва мукофотҳои молӣ қадрдонӣ шуданд.
Инчунин, бо мақсади қадршиносии иштироки фаъолона дар даври ҷумҳуриявии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат», ғолибон ва роҳбарони онҳо аз ҷониби Раёсати Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бо туҳфаҳои арзишманд ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида мешванд.
QF5A0141QF5A0145QF5A0148QF5A0150QF5A0157QF5A0149QF5A0152QF5A0153QF5A0155

Назад к списку