КОНСТИТУТСИЯ – ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТДОРӢ

 03.11.2025

АКСИЯИ ТАБРИКОТӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН

Ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ аксияи табрикотӣ таҳти унвони “КОНСТИТУТСИЯ – ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТДОРӢ” баргузор гардид.
Аксияи мазкур бо ташаббуси шуъбаи кор бо ҷавонон роҳандозӣ гардида, дар рафти аксия кормандони шуъба бо самимият устодони донишгоҳро табрик гуфта, аз суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтибос оварданд: Сарвари давлат дар мавриди Конститутсия чунин гуфтаанд: “Ҳадафи сиёсии мо барпо кардани давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад. Дар ин ҷода Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади воломақоми миллат ва шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат раҳнамои ҳамешагии мо хоҳад буд”.
Чорабинӣ дар фазои идона ва гарму самимӣ баргузор гардида, баёнгари эҳтироми хоссаи насли ҷавон ба муқаддасоти миллӣ буд.

IMG_5254IMG_5258IMG_5270IMG_5263IMG_5278IMG_5281IMG_5272IMG_5274IMG_5269IMG_5260IMG_5259IMG_5271IMG_5266IMG_5275


Назад к списку