ОМӮЗГОРИ ДОНИШГОХИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН ҒОЛИБИ МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ШАҲРИ БУХОРО ГАРДИД
Боиси ифтихору сарбаландист, ки мудири кафедраи тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, МАХМАРАСУЛОВ МУХАМЕД САЙМАХМУДОВИЧ, дар мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ Чемпионати ҷаҳон миёни устодони варзиш, ки дар шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Узбекистон санаҳои 22 – 27 октябри соли ҷорӣ баргузор гардид, аз рӯи намуди варзиши САМБО-2025 мақоми аввалро соҳиб шуда, бо медали тилло қадрдонӣ гардид.
Раёсат ва Иттифоқи касабаи кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Мухамед Махмарасуловро барои ин муваффақият шодбош гуфта, барояш комёбиҳои нав ва дастовардҳои бештарро дар озмуну мусобиқаҳои оянда таманно менамоянд.