ҲАМОИШИ ИЛМӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 05.11.2025

КОНСТИТУТСИЯ — САНАДИ МУҚАДДАСИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛАТ

Санаи 4 ноябри соли равон ба муносибати таҷлил аз 31-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи техникии Тоҷикитсон ба номи академик М.С.Осимӣ ҳамоиши илмӣ таҳти унвони “Конститутсия — санади муқаддаси давлатдории миллат” бо иштироки афсари калони шуьбаи корхои тарбиявии Раесати Кушунхои дохилии ВКД Чумхурии Точикистон Отаҷонова Наргис, сардори шуьбаи амнияти дохилии Раесати Кушунхои дохилии ВКД Чумхурии Точикистон Мирзода Баҳодур, муовини аввали ректор, муовини ректор оид ба таълим Маҷидзода Тоҳир, муовини ректор оид ба тарбия Аҳмадзода Бунафша, раёсати донишгоҳ, ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯён баргузор гардид.
 

Чорабиниро бо суханони табрикотӣ Тоҳир Маҷидзода ифтитоҳ намуда, қайд намуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ поя ва кафили асосии баробарии шаҳрвандон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба шумор меравад. Дар замони соҳибистиқлолӣ масъалаи таъмини баробарии ҳуқуқу имкониятҳои занону мардон ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоӣ ва давлатӣ табдил ёфтааст. Баробарии гендерӣ на танҳо арзиши ҳуқуқӣ, балки омили калидии рушди устувори иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеа мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки бе иштироки фаъолонаи занон дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодии кишвар пешрафти ҷомеаи муосир ғайримумкин аст. Маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти давлат ва ҳадафҳои неки Конститутсия, имрӯз занони тоҷик дар тамоми соҳаҳо, аз илм то сиёсат, нақши муассир доранд.

 
Дар идома Баҳодур Мирзода ва Наргис Отаҷонова вобаста ба нақш ва аҳамияти ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ доштани Конститутсия маърузахонӣ намуда, иброз доштанд, ки қабули Конститутсия барои Тоҷикистон марҳалаи навро дар таърихи давлатдорӣ боз намуд. Он давлати ҷавони соҳибистиқлолро аз ҷанги шаҳрвандӣ ба роҳи сулҳ, субот ва рушд ҳидоят намуд. Бо татбиқи муқаррароти Конститутсия, Тоҷикистон тавонист пояҳои қонунӣ ва ҳуқуқии давлатдории худро таҳким бахшад.
Имрӯз Конститутсия на танҳо ҳуҷҷати меъёрии ҳуқуқӣ, балки як омили муҳими ваҳдати миллӣ ва пешрафти ҷомеа мебошад. Он баробарии ҳамаи шаҳрвандонро новобаста аз миллат, забон, дин ё мавқеи иҷтимоӣ кафолат медиҳад. Ин принсипҳо асоси сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлатро ташкил медиҳанд ва ба таҳкими сулҳу суботи ҷомеа мусоидат менамоянд. Ғайр аз ин, Конститутсия самтҳои асосии сиёсати иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишварро низ муайян менамояд. Он масъулияти давлатро дар соҳаи таълим, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва фарҳанг муқаррар мекунад. Ин ҳама нишон медиҳад, ки Конститутсия танҳо ҳуҷҷати ҳуқуқӣ нест, балки дастури ҳаётӣ ва стратегияи рушди давлат аст.
 
Дар фарҷом Эраҷ Шарофзода мудири кафедраи ҷомеашиносии донишгоҳ ҷиҳати тағйиру иловаҳо ба ин санади тақдирсоз суханронӣ намуда, ишора намуд, ки имрӯз аз қабули Конститутсияи мазкур ва эълони сохти сиёсиву идории Тоҷикистон расо 31-сол пур мешавад. Дар ин муддати аллакай Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мавқеи хоси худро пайдо намуда, ба яке аз субъектони муҳимми муносибатҳои байналмилалии минтақа ва ҷаҳон табдил ёфтааст ва бевосита Конститутсияи мазкур аз олитарин намунаҳои қонунгузории миллии тамоми мамлакатҳои ҷаҳон ба шумор меравад. Метавон гуфт, ки Конститутсияи Тоҷикистон мабдаи номусу ифтихор ва сарфарозии мардуми тоҷик буда, меъёрҳои он минбаъд низ солҳои сол барои гулгулшукуфоии давлату миллати мо хизмат хоҳад кард.
IMG_5381IMG_5382_1IMG_5398IMG_5417IMG_5396IMG_5411IMG_5430

Назад к списку