ҶАШНИ КОНСТИТУТСИЯ – ҶАШНИ АДОЛАТ ВА ВАҲДАТ!

 05.11.2025

ҶАШНИ КОНСТИТУТСИЯ – ҶАШНИ АДОЛАТ ВА ВАҲДАТ!

Ба муносибати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 31-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, аксияи таблиғотӣ таҳти унвони “Ҷашни Конститутсия – ҷашни адолат ва ваҳдат” баргузор гардид.

Дар рафти баргузории аксия кормандон ва волонтёрони шуъба кули кормандон ва омӯзгорони донишгоҳро табрик намуда, ба эшон варақаҳои таблиғотӣ тақдим намуданд.
Ҳадаф аз баргузории чунин аксияҳои таблиғотӣ ин нишони арҷгузорӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва шаҳодатномаи миллати тоҷик мебошад.

Пешвои муаззами миллат борҳо таъкид кардаанд: «Конститутсия ба ҳар як фарди ҷомеа кафолати зиндагии озод, осуда ва созандагӣ медиҳад». Дар ҳамин замина, сиёсати давлат ба сӯи таҳкими адолат, эҳтироми қонун ва эҳёи арзишҳои миллӣ равона гардидааст. Бо такя ба Конститутсия, Тоҷикистон имрӯз чун давлати соҳибистиқлол, устувор ва шукуфон дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи худро пайдо кардааст. Ин ҳуҷҷат на танҳо гузашта ва ҳозира, ҳамзамон ояндаи давлатро низ муайян месозад.

РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА КУЛИ ҲАМВАТАНОН ФАРХУНДА БОД!!!

IMG_5282IMG_5287IMG_5333IMG_5298IMG_5309IMG_5321IMG_5294IMG_5295IMG_5358IMG_5351_1


Назад к списку