ТАҚВИЯТ ДОДАНИ ШУРОИ КУРАТОРОН

 11.11.2025

ТАҚВИЯТ ДОДАНИ ШУРОИ КУРАТОРОН: ЯКДИЛӢ БАРОИ ПЕШРАФТИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ

 
Дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва нақша – чорабиниҳои раёсати тарбия, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани бандҳои нақша, дар факултети Механикӣ ва технологӣ шурои кураторони гурӯҳҳои академӣ бо иштироки сардори раёсати тарбия Асоев К.М., мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Бобозода Ш.А., садорати факултет, кураторони гурӯҳҳои академӣ ва намояндаи шуъбаи дуюм ва бақайдгирии шиносномаҳои донишҷуён баргузор гардид.
 
Зимни баргузории шурои кураторон як қатор масъалаҳои мубрам баррасӣ гардид: Аз ҷумла масъалаи давомоти донишҷӯён дар давраи рейтинги аввал, масъалаи қайди журналҳои синфӣ, қайди соатҳои кураторӣ, натиҷагирӣ аз обунашавии донишҷӯён ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва китобхонаи рақамии донишгоҳ, таҳлил ва баррасии ҳолати аз қайд баровардани шиноснома ва гувоҳномаҳои ҳарбии донишҷӯёни курсҳои якум, арзёбӣ гардиданӣ сару либоси донишҷӯён, дастгирӣ ва омода намудани донишҷӯёни курсҳои поёнӣ ба конфронсҳо, семинару маҳфилҳо ва чорабиниҳои шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ, огоҳонидани донишҷӯён аз қоидаҳои тартиботи дохилӣ, фаҳмонидани тарзи дуруст истифода бурдани саҳифаҳои иҷтимоӣ ва фарҳанги истифодабарии телефонҳои мобилӣ, шинос ва огоҳ намудани донишҷӯёни курсҳои аввал аз ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ ва пешгирии онҳо аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои мамнуву ифротгаро, пешгирӣ намудан аз ҳолат ва омилҳои коррупсионӣ, ҷалби донишҷӯписарон ба кафедраи ҳарбӣ, тарғиб ва ташвиқот намудани донишҷӯён ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ҳавасмандгардонӣ ва руҳбаланд намудани донишҷӯён ҷиҳати иштирок дар озмуну олимпиядаҳои дохилидонишгоҳӣ ва якчанд масъалаҳои дигар зикр шуданд.
 
Рустам Исмонзода зимни суханронӣ аз кураторони гурӯҳҳои академӣ даъват ба амал овард, ки дар тарбияи насли наврас беш аз пештара камари ҳиммат баста, ҷавононро дар руҳияи хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, арҷ гузоштан ба гузаштагон ва муқаддасоти миллӣ, дур будан аз ҷаҳлу ҷаҳолат ва хурофотпарастӣ, саҳми назаррас гузоштан дар рушди илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ, иштирок дар озмунҳову маҳфилҳо тарбия карда, кадрҳои баландихтисос омода намоянд. Зеро тавваҷуҳи роҳбарияти олии кишвар маҳз ба ҳамин самт, яъне ҷавонон, ки қишри ояндасози ҷомеа ном мебаранд равона гардидааст.
 
Дар идома Комрон Асоев ибрози назар намуд, ки фаъолияти кураторони гурӯҳҳои академӣ бояд сирф дар доираи Консепсияи миллии тарбия, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ватандӯстии шаҳрвандон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо коррупсия”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фарҳанг” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор” амалӣ гардад.
Инчунин вобаста ба нақши калидӣ доштани ҷавонон дар ҷомеа ёдовар шуд, ки ҷавонон пояи устувори давлат ва ояндаи миллат ба шумор мераванд. Аз ин рӯ, ҳар як ҷавон бояд бо зиракӣ ва огоҳӣ аз шомил шудан ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ, ҷинояткорӣ ва нашъамандӣ худдорӣ намояд, зеро чунин амалҳо ба сарнавишти шахсӣ ва ҷамъиятӣ таъсири манфӣ мерасонанд. Аз ҷумла таъкид гашт, ки имрӯз гурӯҳҳои манфиатҷӯ ва ифротӣ бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва роҳҳои иттилоотии гуногун кӯшиш доранд, ҷавонони ноогоҳро ба сафҳои худ ҷалб намоянд. Ин ҳолат на танҳо ба амнияти миллию суботи ҷомеа таҳдид мекунад, балки ояндаи насли ҷавонро низ зери хатар мегузорад. Аз ин рӯ ҳар як куратори гурӯҳ вазифадор ва масъулитнок аст, ки ҷавононро дар роҳи дуруст тарбия намоянд.

Назад к списку