ДАСТАИ ДТТ ҒОЛИБИ ҶОЙИ АВВАЛ ДАР МУСОБИҚАИ ШОҲМОТ МИЁНИ ДОНИШГОҲҲОИ ҶУМҲУРӢ
Бо изҳори хушнудӣ ва сарафрозӣ хабар медиҳем, ки дастаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар мусобиқаи ҷумҳуриявии “Шоҳмот” миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки санаҳои 14 – 15 ноябр барои дарёфти “Ҷоми Ректор”-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, сазовори ҷойи аввал гардид.
Ҳадаф аз баргузории чунин мусобиқаҳо ин тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ миёни кормандон ва омӯзгорони макотиби ҷумҳурӣ ва муайян намудани шоҳмотбозӣ беҳтарин дар соли 2025 ба ҳисоб меравад.
Раёсат ва иттифоқи касабаи кормандону омӯзгорони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ҳайати дастаи кормандон ва омӯзгорони муассисаро ҷиҳати дастболо гардидан дар мусобиқаи мазкур табрику муборакбод намуда, ба эшон дар мусобиқаҳои минбаъда музаффариятҳои пай дар пайро таманно менамояд.