АРҶГУЗОРӢ БА АФКОРИ НОБ

 04.12.2025

АРҶГУЗОРӢ БА АФКОРИ НОБ

ҲАВАСМАНГАРДОНӢ ВА ҚАДРДОНИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ» ВА УСТОДОНИ ҒОЛИБОН АЗ ҶОНИБИ РАЁСАТИ ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат»10 нафар музаффарон аз ҷумла, 4 нафар устодон ва 6 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар номинатсияҳои зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ, физика ва астрономия, математика, инчунин ихтироъкорӣ ва навоварӣ ҷойҳои намоёнро соҳиб гардиданд.
Ҷиҳати ҳавасмандгардонӣ ва қадрдонии нафарони ғолиб, аз ҷониби Ректори Донишгоҳ ғолибон ва роҳбарони илмии онҳо баҳри заҳматҳову талошҳо ва дар роҳи илм соҳиби мақом гардидан, бо туҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд, ки барои зинаҳои якум, дуюм ва сеюм мутаносибан 5000, 4000 ва 3000 сомонӣ, инчунин барои ҳар як роҳбар 3000 сомонӣ тақдим гардид.
Ҳамчунин донишҷӯи курси 3-юми факултети энергетикӣ Давлатов Бобоҷон аз гурӯҳи таҳсили шартномавӣ тибқи фармоиши Ректори муассиса ба гурӯҳи таҳсили буҷавӣ гузаронида шуд.
Маврид ба зикр аст, ки дастовардҳои имсолаи муҳасилини Донишгоҳ дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» нисбат ба солҳои пешин ба маротиб бештар буда, умед аст, ки дар оянда низ донишҷӯён ва омӯзгорони Донишгоҳ ба натиҷаҳои боз ҳам беҳтар ноил мегарданд.
Раёсат ва иттифоқи касабаи кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ҳамаи ғолибонро бо ин пирузии таърихӣ муборакбод намуда, ба эшон дар корҳои минбаъдаи илмиву эъҷодӣ комёбиҳои нав ба навро тамнно менамояд.

Назад к списку