БОЗДИДИ МУОВИНИ РЕКТОР ОИД БА ТАРБИЯ АЗ ВАЗЪ ВА ШАРОИТИ ДОНИШҶӮДУХТАРОНИ ДАР ХОБГОҲ ИСТИҚОМАТКУНАНДА
Дар хобгоҳи №3-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар асоси Нақша-чорабиниҳои раёсати тарбия вохӯрии муовини ректор оид ба тарбия Аҳмадзода Б.С. бо истиқоматкунандагони хобгоҳ баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур мудири бахши кор бо занон Норкулова Г.Р., муаллими калони кафедраи забонҳо, номзади илмҳои филологӣ Абдулаҳадова А., раисони шурои занони факултетҳо ва хобгоҳ, мудири хобгоҳи №3 Маҳмадиев М ва кормандони раёсат иштирок намуданд.
Нахуст, Бунафша Аҳмадзода аз ҳуҷраҳои донишҷӯдухтарон, ҷойи дарстайёркунӣ, хӯрокпазӣ ва машғулиятҳои онҳо дидан намуда, сипас қайд намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои боз ҳам беҳтару хубтар шудани шароити таҳсил, фароғат ва зисту зиндагонии донишҷӯён корҳои муайянро роҳандозӣ менамояд.