ҒОЛИБИЯТ ДАР ОЗМУНИ “ИХТИРОЪКОРОН ВА НАВОВАРОНИ ТОҶИКИСТОН”

 04.12.2025

ҒОЛИБИЯТИ ОМӮЗГОРОНИ ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ИХТИРОЪКОРОН ВА НАВОВАРОНИ ТОҶИКИСТОН”

29 ноябри соли 2025 ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон вобаста ба рушди сармояи зеҳнӣ, ташаккули иқтисоди ба дониш ва навоварӣ асосёфта, рушди ҳамаҷонибаи фаъолияти ихтироъкорӣ байни ҷавонону наврасон ироа намуданд, бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷоизасупории ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии “Ихтироъкорон ва навоварони Тоҷикистон” барои солҳои 2023-2024 баргузор гардид.
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимиро дар ин озмуни ҷумҳуриявӣ як гурӯҳ муҳаққиқон, олимони ҷавон ва омӯзгорон муаррифӣ намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки Баҳриддинзода Шоҳин Баҳриддин дар номинатсияи “Ихтироъкори беҳтарин (то 30 сола) сазовори ҷойи дуюм ва Акрамов Акобир Акбарович дар номинатсияи «Ихтироъкори беҳтарин (то 30 сола) сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Ҳамзамон Ғаниев Изутулло Наврузович д.и.х, академики АМИТ, профессори кафедраи Технологияи истеҳсолоти химиявии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи акад. М.С. Осимӣ барои кори илмии пурмаҳсул ва тайёр намудани кадрҳои ҷавон, саҳмгузорӣ дар ихтироот ва навовариҳо бо Сипосномаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Раёсат ва иттифоқи касабаи кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолибонро бо ин пирузӣ муборакбод намуда, ба эшон ва роҳбарони илмии онҳо дар корҳои минбаъдаи илмиву эъҷодӣ комёбиҳои нав ба навро тамнно менамояд.

Назад к списку