БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪНАВИЁТ – ТАҚОЗОИ ЗАМОН
(Бардошт аз Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Рушди илм, технология ва фарҳанги ҷаҳони муосир бори дигар моро водор мекунад, ки ҷойгоҳи миллати тоҷикро дар тамаддуни ҷаҳонӣ таҳлилу баррасӣ намуда, бурду бохти хешро дар даврони истиқлол дарк намоем. Ҳамзамон, мавқеи миллатро дар ҷодаҳои гуногуни тамаддуни башарӣ мустаҳкамтар намоем. Ҳақ бар ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки бомаврид таъкид менамоянд: «Дар шароити буҳрониву ноороме, ки ҷаҳони имрӯза қарор дорад, ҳифзи истиқлолу озодӣ, заҳмат ба хотири пешрафти давлат ва ободии Ватан вазифаи аввалиндараҷаву ҳаррӯзаи ҳар як шаҳрванди бонангу номуси мамлакат маҳсуб меёбад». Маҳз дар ҳамин шароит моро мебояд, ки ба савияи маънавиёти миллатамон аҳаммияти ҷиддӣ диҳем.
Барои мо тоҷикон дарки комили маънавиёти фардӣ ва миллиамон пас аз ба даст овардани истиқлоли давлатӣ боз ҳам муҳимтар гардид, зеро имкони амалӣ намудани ормонҳои миллӣ ва муаррифии миллат дар фазои пасошуравӣ ва ҷаҳони сармоядорӣ фароҳам омад. Танҳо инсони дорои маънавиёти баланд метавонад дар татбиқи чунин ҳадафҳо ва муаррифии миллат дар фазои зудтағйирёбандаи ҷаҳон муваффақ шавад.
Бунёди инсони муосирро маънавиёт ташкил медиҳад, ки мавзуи омӯзиши бисёр илмҳо мебошад. Ба андешаи бештари муҳаққиқон маънавиёти инсон ба мисли хонаи қулфкардашудаи дастнорас мебошад. Умри инсон – раванди амалигардонии маънавиёташ ба ҳисоб меравад, зеро шахс барои расидан ба ҳадафҳояш нақша ва амалҳои боақлонаро истифода мебарад. Маънавиёти инсон бо ҷон ва руҳаш робитаи ногусастанӣ дорад ва ҷонро ҳамчун ҷавҳари ғайримоддии идеалӣ ном мебаранд, ки ҳангоми фавт абадан (аз рӯйи баъзе равияҳои фалсафӣ муваққатан) бадан (моддиёт) – ро тарк менамояд. Бинобар ин, доир ба омӯзиши маънавиёти инсон аз қадимулайём муҳаққиқон назарияҳои гуногунро пешниҳод намудаанд.
Маънавиёти инсон – доираи фаъолияти ҷамъиятии инсон ба ҳисоб меравад, ки бо истеҳсолот арзишҳои маънавӣ ва қонеъгардонии талаботи маънавӣ алоқаманд аст. Аз дигар нуқтаи назар, маънавиёти фардӣ олами ботинии инсон буда, ахлоқ ва майл намудан ба фаъолияти ақлиашро дар бар мегирад. Ба маънавиёти инсон метавон дониш, эътиқод, ҳиссиёт, талабот ва кӯшиши ба мақсадрасиро ворид намуд. Маънавиёти инсон дар ду шакли фаъолият зуҳур мекунад: ба истеҳсолот ва офаридани арзишҳои маънавию фардӣ нигаронидашуда; нигоҳ доштан ва аз худ намудану истифода бурдани арзишҳои фарҳангӣ. Шахсе, ки фаъолияташро дар асоси маънавиёт ба роҳ мемонад, ҳама вақт дар фикри ташаккул ва худсозӣ аст, зеро вай метавонад моҳияти ҳаёт, муҳаббат, хайр, адолат ва ғайраро дарк намояду унсури бунёдии инсонӣ – виҷдонро истифода барад. Илова бар ин, шахси дорои маънавиёти баланд ба ҳама пасту баландиҳои зиндагӣ бо таҳаммул буда, хатогиҳои хешро ҳамчун дарси ибрат қабул менамояд.
Ҳангоми таҳлили адабиёти илмӣ метавон чунин унсурҳои муайянкунандаи бунёдии маънавиёти ҷомеаро дарёфт кард: иҷтимоӣ – фарҳангӣ, арзишӣ, башардӯстӣ, ахборотӣ – виртуалӣ.
Доир ба унсури иҷтимоӣ - фарҳангии маънавиёти ҷомеа дар байни муҳаққиқони соҳа андешаи ягона вуҷуд надорад, аммо аксарият ба он назарранд, ки ҳангоми ташаккули маънавиёти ҷомеа ҷанбаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ нақши ҳалкунандаро мебозад. Маҳаки асосии маънавиёти инсонро идеалҳои ахлоқии шахс, рафторҳои идеалӣ ҳангоми муошират ташкил медиҳанд, ки бо идеали иҷтимоии оммаи иҳотакардаи фард робитаи ногусастанӣ дорад. Таҳлили адабиёти гузаштаи мо аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳама вақт нависандагони мо барои хонандагонашон ва умуман ҷомеа арзишҳои маънавии мусбатро аз қабили хайр, адолат, дониш, заковат, мардонагӣ ва ғ. тарғиб намудаанд.
Мувофиқи таълимоти аксиология (илми арзишшиносӣ) арзиш новобата аз офариданашон дар рафти ташаккули таърихии инсоният, қудрати идоранамоии рафтори инсонро доранд. Маънавиёти ҷомеаро маънавиёти фардҳои алоҳида ташкил диҳад ҳам, баъзе аз афроди ҷомеа ба маънавиёти омма таъсиргузортаранд, ки албатта зери таъсири арзишҳо ин амалҳоро содир менамоянд. Гуфтаҳои болозикр аз он шаҳодат медиҳанд, ки арзишҳоро инсон офарида бошад ҳам, вале имрӯз онҳоро дастгоҳи идоракунандаи ҷомеа ном бурдан мумкин аст.
Хусусияти башардӯстии маънавиётро метавон аз нигоҳи муҳаббат ба инсоният шарҳ дод, ки онро баъзе муҳаққиқон чунин шарҳ додаанд. Ба андешаи Л.Н. Толстой дар ҳақиқат тамоми инсониятро дӯст доштан ғайри имкон аст, зеро инсони солимақл дар ин ҳолат метавонад тамоми қудрати хешро сарф намояду инсон будани хешро аз даст диҳад ва ба марг мубтало гардад. Ба навиштаи М. Ҳайдегер «вазифаи мо – баргардонидани инсоният ба инсоният мебошад». Ҷанбаи башардӯстии маънавиёт хусусияти нисбӣ дораду инсон наметавонад дар як маврид ҳамаи одамонро дӯст дорад, аммо барои ҳамон ашхоси писандидааш бояд атрофиёнро эҳтиром намояд.
Ҳаёту фаъолияти инсони муосирро бе интернет ва олами маҷозӣ тасаввур намудан ғайриимкон аст ва маънавиёти инсон низ аз он истисно буда наметавонад. Маврид ба зикр аст, ки дар аввали асри XXI ин унсури маънавиёт мавқеи калидиро ишғол намуда истодааст. Ба андешаи муҳаққиқон интернет ҳамчун падидаи фарҳангӣ шуури таърихии инсонҳоро тағйир дода истода бошад ҳам, ахбори дохилаш босуръат иваз гашта истодааст ва шуури инсонӣ ба таври комил имкони онро ҳазм кардан надорад. Албатта, аз интернет ва фазои маҷозӣ роҳи гурез нест, пас моро мебояд, ки дар шуури ҷомеа фарҳанги истифодабарии онро омӯзонем, то ин ки онҳо ҷанбаҳои мусбати ин падидаи фарҳангиро дар маънавиёти хеш ҷойгир намоянд.
Моҳияти арзишҳои ақлии ҷомеаи тоҷиконро таҳлил намуда, метавон маҷмуан чунин гуфт:
1. Дар таърихи ташаккули фарҳанги тоҷикон ва таърихи фалсафаи башарӣ доир ба фаҳмиши арзишҳои ақлӣ андешаи ягона вуҷуд надорад, аммо ин маънои онро надорад, ки мутахассисони соҳаҳои мухталиф доир ба ягон масъала арзишҳои ақлиро корбурд наменамоянд. Дар таърихи фалсафаи тоҷик яке аз аввалинҳо шуда намояндагони мактаби Машшоия масъалаҳои диниро аз нигоҳи ақл ва илм баҳо додаанд, ки аксарияти намояндагони машҳурашро тоҷикон (Сино, Форобӣ, Тусӣ ва ғ.) ташкил медиҳанд.
2. Таҳлили баҳсҳои оммавии ҷомеаи тоҷикон ба мо нишон дод, ки аксарият ҳангоми баҳо додани масъала ба ҳиссиётҳо такя мекунанд, аммо хулосаи охиронро муҳаққиқи соҳа дар асоси донишҳои мантиқӣ баён менамояд, ки аксарият онро эътироф менамоянд. Масалан, дар фазои маҷозии Фейсбук баҳсҳои зиёд сурат мегиранд ва дар ниҳояти баҳс мутахассисон хулосабарорӣ менамоянд.
3. Таҳлили арзишҳои тоҷикон аз он шаҳодат медиҳад, ки дар аксарияти онҳо хусусиятҳои бешуурӣ мавқеи намоёнро ишғол менамоянд, аммо ин маънои онро надорад, ки миллати тоҷик ба пуррагӣ ба ҳиссиётҳояшон такя менамоянд ва ҳангоми ба уҳда гирифтани корҳои бомасъулият ба арзишҳои ақлӣ такя менамоянд, ки аз манфиат холӣ нест. Мисоли рушан дар ин масъала Ваҳдати миллии тоҷикон шуда метавонад.
4. Албатта, сарҳади хусусиятҳои ақлии инсон вуҷуд дорад ва ин маънои онро надорад, ки мо тоҷикон ҳангоми тасмим гирифтан аз арзишҳои ақлӣ кор набарем, балки он дастовардҳои илмии замони муосирро баҳри пешрафти хеш истифода барем. Тасмимҳои охири Ҳукумати кишвар боиси таҳсин мебошанд, зеро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон марказҳои ҳуши маснуӣ ифтитоҳ ёфтаанд, ки барои пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеа дар фурсатҳои наздиктарин таъсири мусбат мерасонанд.
5. Боиси хушнудист, ки солҳои охир дар сатҳи ҷумҳурӣ бо тасмим ва фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмунҳои зиёд аз қабили «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва ғайра гузаронида мешаванд, ки барои баланд бардоштани мавқеи арзишҳои ақлӣ дар ҳаёти рӯзмараи тоҷикон аз манфиат холӣ нест.
Саидумаров С.С. - дотсенти кафедраи фанҳои ҷамеашиносии
ДТТ ба номи М.С. Осимӣ