ТАҶЛИЛИ БОШУКУҲИ ҶАШНИ САДА ДАР ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН

 31.01.2026

ТАҶЛИЛИ БОШУКУҲИ ҶАШНИ САДА ДАР ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН

Мусаллам аст, ки ҳамасола дар сар то сари ҷумҳурӣ санаи 31 январ ҷашни бостонии миллии Сада бо шукӯҳу шаҳомати хосса ва бо риояи пурраи ойину суннатҳои қадимаи ниёгон таҷлил мегардад. Ин ҷашн яке аз рамзҳои муҳими фарҳанги миллӣ буда, муждарасони гармӣ, рӯшноӣ ва наздикшавии фасли баҳор ба шумор меравад.
Имрӯз, 31 январи соли равон дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ бо мақсади таҷлили бошукуҳи ҷашни бостонии Сада намоиши хони Сада, бо иштироки Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насруллоҳ Ҳасанзода роҳбарияти донишгоҳ ва ҳайати профессорону омӯзгорон баргузор гардид.
Зимни боздид ҳайати меҳмонон аз гӯшаҳои намоишгоҳ дидан намуда, бо хони оростаи садорати факултетҳо шинос гардиданд.
Чорабиниро Тоҳир Маҷидзода ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо ин ҷашни бостонии миллӣ табрику таҳният гуфта, иброз дошт, ки Ҷашни Сада дар шумори сегонаи ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳргон дохил шуда, ба гунаи ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳргон таърихи хеле қадимаро доро мебошад.
Дар идома Насруллоҳ Ҳасанзода суханронӣ намуда, ишора намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари Наврӯзу Меҳргон ба таҷлили ҷашни Сада низ дар кишвар таваҷҷуҳ намуда, таъкид намуданд, ки «барои халқи тоҷик ҷашни Сада мисли ҷашни Меҳргон таърихи қадим дорад ва бояд аз нав эҳё гардад». Ҳамин таваҷҷуҳи Сарвари давлат буд, ки имрӯз ин ҷашни аҷдодии мо чун Наврӯз ва Меҳргон дар сатҳи баланд таҷлил мегардад ва суннатҳои қадимаи он зина ба зина эҳё мешаванд.

Назад к списку