БЕҲТАРИН ШУЪБАИ КОР БО ҶАВОНОН ДАР СОЛИ 2025

 31.01.2026

БЕҲТАРИН ШУЪБАИ КОР БО ҶАВОНОН ДАР СОЛИ 2025

Бо камоли хушнудӣ ва сарфарозӣ хабар медиҳем, ки Шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон беҳтарин шуъбаи кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ дар соли 2025 дониста шуд.
Санаи 27 январи соли ҷорӣ дар толори Муассисаи давлатии “Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ” бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон дар соли 2025 баргузор гардид, ки дар он беҳтаринҳои соҳа қадрдонӣ шуданд.
Боиси ифтихор аст, ки шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар номинаи «Беҳтарин шуъбаи кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ дар соли 2025» беҳтарин дониста шуда, дар вазъияти тантанавӣ бо ҷоиза ва туҳфаи хотиравии таъсис намудаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид.

Назад к списку