ДАСТОВАРДИ НАВБАТИИ КОРМАНДИ ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН

 31.01.2026

ДАСТОВАРДИ НАВБАТИИ КОРМАНДИ ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН

27 январи соли 2026 дар Муассисаи давлатии фарҳангию фароғатии Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон ва қадрдонии ғолибони озмунҳои соҳавии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 баргузор гардид.
Дар маросими мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон - Дилрабо Мансурӣ, Раиси Кумитаи кор бо чавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Зулфиқор Гулаҳмадзода ва роҳбарону намояндагони вазорату идораҳо, донишҷӯён, ғолибони ҷоизаву озмунҳои дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар соли 2025 эълонгардида иштирок намуданд.
Боиси хушнудист, ки АШУРЗОДА БАҲРОМ ХАЙРИДДИН - омӯзгори факултети технологияҳои рақамӣ, системаҳо ва ҳифзи маълумот бо ҷоизаи Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи техника, технология ва навоварӣ(инноватсия) қадрдонӣ гардид.

Назад к списку