НАҚШИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАШАККУЛИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ
Таҳти чунин унвон санаи 4 марти соли ҷорӣ тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ вохӯрии судманд бо иштироки Шоҳиён Абдураҳим- раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Давлатзода Қудрат - Ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ баргузор гардид.
Нахуст Давлатзода Қудрат - Ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ суханронӣ карда, меҳмононро муарифӣ намуд. Мавсуф қайд намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди сиёсӣ дар баланд бардоштани афкори ҷомеа ва созандагию бунёдкорӣ нақши муассир дорад.Имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ниҳоди бузурги сиёсӣ зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табдил ёфта, дар пешрафту дигаргуниҳои куллии ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, маънавию фарҳангӣ, сиёсию ҳуқуқӣ ва равобити хориҷии Тоҷикистон нақши калидӣ дорад.
Дар идома Шоҳиён Абдураҳим – раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Душанбе вобаста ба арзишҳои соҳибистиқлолӣ, муҳимияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, пешгирӣ аз фарҳанги бегона, тарбияи ҳарбӣ-ватанпарастии ҷавонон, пешгирии шомилшавии шаҳрандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, риояи талаботи қонунҳои миллӣ ва саҳм гузоштан дар корҳои созандагию ободкорӣ дар шаҳри Душанбе, ҳамзамон вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, зикр намуд, ки Паём ҳамчун санади муҳими стратегӣ самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии кишварро муайян намуда, барои таъмини зиндагии шоистаи мардум, таҳкими давлатдорӣ ва рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ заминаи мусоид фароҳам меорад, ки ин ҳуҷҷати муҳим на танҳо натиҷаҳои рушди кишвар ва вазифаҳои минбаъдаро баррасӣ менамояд, балки ҳамчун муждаи саодат ва чароғи ҳидоят, барои ҳамбастагии миллат ва вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ хизмат мекунад.
Дар фарҷом ба устодон ва донишҷуёне ки қаблан ҷиҳати пайвастан ба сафи ҲХДТ аризаҳои хешро пешниҳод намуда буданд, дар вазъияти тантанавӣ соҳиби шаҳодатномаи ҳизбӣ гардиданд.