ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ ОИД БА ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ МИЁНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ УЗБЕКИСТОН
Дар доираи Форуми сеюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ маросими муҳими имзои созишномаҳои нави ҳамкорӣ баргузор гардид. Ин иқдоми муҳим қадами навбатӣ дар роҳи таҳкими робитаҳои илмӣ-таълимӣ ва густариши ҳамкориҳои академӣ миёни донишгоҳҳои ду кишвари дӯсту ҳамсоя ба ҳисоб меравад.
Созишномаҳои баимзорасида ба рушди барномаҳои муштараки таҳсилотӣ, густариши таҳқиқоти илмӣ, мубодилаи таҷриба миёни омӯзгорон ва донишҷӯён, инчунин татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ мусоидат менамоянд. Ин ҳамкориҳо барои баланд бардоштани сифати таҳсилот, омода намудани мутахассисони рақобатпазир ва рушди иқтидори илмии муассисаҳои таҳсилоти олӣ аҳамияти калон доранд.
Форуми мазкур ҳамчун майдони муҳими муколамаи академӣ имконият фароҳам меорад, ки Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Донишгоҳҳои Ҷумҳурии Узбекистон самтҳои нави ҳамкориро муайян намуда, шарикии стратегии худро дар соҳаи маориф, технологияи иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ, экологияи сабз, сохтмон ва меъморӣ боз ҳам густариш диҳанд.