ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН

 05.04.2026

ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН

Бо мақсади арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, баланд бардоштани завқи зебоипарастии занону духтарон ва тарғиби либосҳои миллӣ дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ бо ибтикори бахши кор бо занон ва донишҷӯдухтарон аксияи тарғиботии «Тоҷикона мепӯшем» баргузор гардид.
 
Дар ин аксия занону бонувон ва донишҷӯёни муассиса бо либосҳои анъанавии тоҷикӣ, ки зебоӣ ва рангорангии фарҳанги миллиро таҷассум менамоянд фаъолона ширкат варзиданд.
 
Маврид ба зикр аст, ки либоси миллӣ яке аз рукнҳои муҳими фарҳанги миллат ба ҳисоб рафта, ёдгоре аз гузаштагон мебошад, ки дар тӯли асрҳо зебоӣ ва арзиши худро ҳифз намудааст. Бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон матоъҳои миллии тоҷикӣ, аз ҷумла атласу чакан, дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ гардида, ҳамчун намунаи ҳунари миллӣ ва мероси фарҳангии тоҷикон эътироф шудаанд.
651303807_1563276942467766_9065268028760138721_n652444714_1563277952467665_1913907747768245250_n652674920_1563277879134339_2322435006288025762_n651781861_1563276985801095_6975145651451896325_n651777073_1563278399134287_5292395438594117069_n651283825_1563277352467725_4036161770945113784_n651303807_1563276942467766_9065268028760138721_n649283164_1563277299134397_2954997987391139173_n652243995_1563278205800973_7479126559292810139_n

Назад к списку