МЕҲРУБОНӢ ДАР АМАЛ

 12.04.2026

МЕҲРУБОНӢ ДАР АМАЛ

Санаи 10 апрели соли равон дар партави сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯзи Аҷам, бо ташаббус раёсати корҳои тарбияи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ бо мақсади татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии судманде бо ятимони кул ва нафарони имконияташон маҳдуд, бо иштироки сардори раёсати корҳори тарбия, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон, мудири бахши кор бо занон, намояндаи раёсати кор бо ҷавонони шаҳри Душанбе ва муовинони декан оид ба тарбияи факултетҳо баргузор гардид.
 
Чорабиниро Комрон Асоев ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа, хоса ятимону бепарасторон ва маъюбон, аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати мамлакат маҳсуб меёбад.
 
Ятимону бепарасторон ва нафарони имконияташон маҳдуд дар партави сиёсати ятимпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ҳамеша таъкид ба онҳо менамояд, ки бояд ҳаргиз худро яккаву танҳо ҳис накунанд ва онҳоро мебояд дар фазои сулҳу оромӣ, бо истифода аз шароиту имкониятҳо ба илмомӯзӣ машғул шаванд ва баҳри ояндаи ин сарзамини биҳиштосо саҳми худро гузоранд, таъкид кард сардори раёсати корҳои тарбия Комрон Асоев.
 
Дар идома Шаҳбози Неъматулло намояндаи раёсати кор бо ҷавонони шаҳри Душанбе вобаста ба ғамхориву дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти олии кишвар суханронӣ намуда, ишора кард, ки ғамхории давлату Ҳукумат, алалхусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба онҳое, ки аз навозиши падару модар барвақт маҳрум шудаанд, хеле назаррас аст. Роҳбари давлат ҳамеша таъкид менамоянд, ки “Ман ҳеҷ вақт ягон ятими куллро дар нимароҳ намемонам, меомӯзонам, тарбия мекунам ва ба ҳаёти мустақилона гусел менамоям”.
 
669670611_1586974426764684_1180123517984188581_n670711674_1586973260098134_5696477089739094195_n669603640_1586974333431360_2083361233837044677_n669055235_1586973056764821_9106507556705090575_n668824589_1586968443431949_1999391143482769053_n

Назад к списку