ДАСТОВАРДИ КОРМАНДОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДТТ БА НОМИ АКАДЕМИК М.С.ОСИМӢ ДАР ҚАТОРИ БЕҲТАРИНҲОИ САМТИ “ТЕХНИКА ВА ТЕХНОЛОГИЯ”
23.04.2026
#ХУШХАБАР!!! КОРМАНДОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДТТ БА НОМИ АКАДЕМИК М.С.ОСИМӢ ДАР ҚАТОРИ БЕҲТАРИНҲОИ САМТИ “ТЕХНИКА ВА ТЕХНОЛОГИЯ”
Бо камоли хушнудӣ ва сарфарозӣ хабар медиҳем, ки як қатор кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар доираи тантанаҳои идона бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе бо ҷоиза ва стипендияи Раиси шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.
Аз ҷумла, Бобозода Ш.А., мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва Саидзода М.Р. муовини декан оид ба таълими факултети иқтисодиёти соҳаҳо ва идора барандаи Ҷоизаи Раиси шаҳри Душанбе барои муҳаққиқони ҷавон дар самти “Техника ва технология” дар соли 2026 гардиданд.
Мавриди зикр аст, ки ҷоизаи Раиси шаҳри Душанбе яке аз мукофотҳои бонуфуз ба ҳисоб рафта, ҳамасола ба беҳтарин муҳаққиқону ихтироъкорони ҷавон барои саҳми назаррас дар рушди илм, техника ва технология тақдим карда мешавад. Дарёфти ин ҷоиза нишони эътирофи заҳмати тамоми ҳайати омӯзгорону кормандони муассиса низ мебошад.
Ҳамзамон, донишҷӯёни ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ дар озмуни Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе зафарманд гардида, дар арафаи Рӯзи Пойтахт қадрдонӣ гардиданд. Аз ҷумла Одилзода Муҳаммад – донишҷӯи курси 4-и факултети сохтмон ва меъморӣ ва Назаров Назаралӣ донишҷӯи курси 3-и факултети энергетикии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон.