МУЗАФФАРИЯТИ МАГИСТРАНТОНИ ДТТ БА НОМИ АКАДЕМИК М.С.ОСИМӢ ДАР ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

 23.04.2026

#ХУШХАБАР!!! МУЗАФФАРИЯТИ МАГИСТРАНТОНИ ДТТ БА НОМИ АКАДЕМИК М.С.ОСИМӢ ДАР ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Бо камоли хушҳолӣ ва шарафмандӣ иттилоъ медиҳем, ки як идда магистрантони Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон дар озмуни байналмилалии маърӯзаҳои илмии деворӣ таҳти унвони «Наука побеждать», ки дар доираи форуми байналмилалии ҷавонон «Траектория успеха» бахшида ба 70-солагии таъсиси Донишгоҳи кооперасияи матлуботи Сибир, баргузор гардид, ширкат варзида, сазовори ҷойи аввал ва ифтихорӣ гардиданд.
 
Донишгоҳро дар ин форуми байналмилалӣ магистрантони курси якуми факултети сохтмон ва меъморӣ, ихтисоси 1-700201 — «Сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ» — Худододова Гулқурбон Мавзуновна ва Ашурбеков Нуриддин Розиқович фаъолона муаррифӣ намуда, бо маърӯзаҳои илмии худ баромад карданд. Натиҷаи иштироки онҳо назаррас буда, онҳо бо диплом ва шаҳодатномаҳои озмун сарфароз гардонида шуданд.
 
Ҳамзамон, роҳбари илмии онҳо — доктори меъморӣ, профессор Муқимов Р.С. — барои саҳми арзанда дар омода намудани магистрантон ва рушди фаъолияти илмӣ бо сипосномаи ректори донишгоҳ қадрдонӣ карда шуд.
 
Ҳадафи асосии озмун ин:
- тарғиби дастовардҳои илмӣ ва муаррифии натиҷаҳои таҳқиқоти муосир;
- дарёфт ва дастгирии ҷавонони болаёқат ва эҷодкор;
- рушди малакаҳои таҳқиқотӣ ва тақвияти қобилияти илмии донишҷӯён ва магистрантон.
 
Раёсат ва иттифоқи касабаи устодон ва кормандони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолибони форумро бо ин дастоварди навбатии илмӣ табрику муборакбод намуда, ба эшон дар фаъолияти минбаъдаи илмӣ-тадқиқотӣ комёбиҳои нав, дастовардҳои назаррас ва фатҳи қуллаҳои баланд орзуманданд.
673815587_1594778892650904_4034883580974073865_n675476622_1594784682650325_4238794604192412082_n675550959_1594785805983546_6659230621072039225_n

Назад к списку