ОМӮЗГОРОНИ ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ОЛИМИ СОЛ»

 24.04.2026

#ХУШХАБАР! ОМӮЗГОРОНИ ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ОЛИМИ СОЛ»

Бо камоли хушҳолӣ ва сарфарозӣ иттилоъ медиҳем, ки ду нафар омӯзгори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, АҲЪЁЕВ Ҷавод Саламшоевич ва мудири кафедраи физика НАСРИДДИНОВ Абубакр Саидқулович дар тантанаҳои Рӯзи илми тоҷик, ки бахшида ба 35 солагии Истиқлоли давлатӣ баргузор гардид дар Озмуни Ҷумҳуриявии “Олими сол” ғолиб гардида, бо ҷом, диплом ва мукофотпулӣ қадрдони шуданд.
 
Озмуни ҷумҳуриявии навташкили “Олими сол” бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи илму маориф, технология, рушди тафаккури техникӣ, тавсеаи ихтироъкорӣ, кашфиёт, навоварӣ ва эҷодкорӣ, баланд бардоштани мақому мартабаи олимону омӯзгорон дар ҷомеа, ҷалби бештари онҳо ба корҳои илмию таҳқиқотии сатҳи баланд, тайёр намудани кадрҳои минбаъдаи илмӣ дар муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ ва инкишоф додани неруи зеҳнии онҳо ба роҳ монда шудааст. Ҳадаф аз баргузории чунин озмунҳо ин муайян намудан ва қадршиносӣ кардани дастовардҳои олимон дар соҳаи илму техника, ихтироъкорӣ, навоварӣ, эҷодкорӣ ва дигар самтҳои муҳими пешбарандаи ҷомеаи имрӯза мебошад.
 
Райёсат ва иттифоқи касабаи устодон ва кормандони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ АҲЪЁЕВ Ҷавод Саламшоевич ва НАСРИДДИНОВ Абубакр Саидқуловичро барои дар соли 2026 сазовор гардидан ба ҷоизаи “Олими сол” муборакбод намуда, барои корҳои минбаъда дар самти тайёр намудани мутахассисони ҷавон дар соҳаи илму техника ва пешбурди корҳои таълимӣ ва илмӣ-методӣ муфаввақиятҳои навро таманно дорад.
678919541_1598698468925613_5909948485715046885_n679836025_1598698345592292_2015422683121520248_n679009986_1598698512258942_3506911566758787903_n
 

Назад к списку